КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
ш. Душанбе. 12.05.2021. Имрӯз дар доираи роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳаҷми 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва тахта, беш аз 170 тонна маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка ва 1200 дона ҷиҳози рахти хоб кӯмак фиристоданд. Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зардидагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамрайъию ҳамдилӣ бо мардуми зарардида ва инсондӯстию ватанпарастӣ фиристода шуд, нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид ва ба зарардидагон дастрас карда мешавад. Хотиррасон мешавем, ки бар асари селу боришоти зиёд дар рӯзи 11-уми майи соли равон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб гардида, мутаасифона талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Тавре аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб боэътимод бошанд, ки дар ин рӯзҳои вазнин зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин рӯзҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо намегузоранд.