ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШАИ АМАЛИНАМОИИ “ШАҲРИ САБЗ” БАРОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” СЕМИНАР БАРГУЗОР ГАРДИД

18 Майи 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 18.05.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” семинар таҳти унвони “Нақшаи амалинамоии “Шаҳри сабз” барои шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳои олии кишвар ва ширкатҳои хусусӣ иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки семинари мазкур дар асоси Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва БАТР аз 17 майи соли 2019 вобаста ба татбиқи амалии барномаи “Шаҳри сабз” ба нақша гирифта шудааст.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон суханронӣ карда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар ва барои саҳми беандоза гузоштан баҳри пешрафту шукуфоӣ ва сабзкорию бунёдкорӣ, изҳори миннатдорӣ намуд.
Семинари имрӯза фарогири масъалаҳои татбиқи нақшаи шаҳри сабз, барномаи сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳри Душанбе буда, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои Душанбешаҳр ва сокинони он мебошад.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур баргузории 2 семинар ба нақша гирифта шуда, чор ҳадафи асосии он муҳокима карда шуданд:
1) Ба самъи ҷонибҳои манфиатдор расонидани ҷараёни корҳо ва натиҷаҳои асосии Нақшаи татбиқи шаҳри сабз;
2) Ахборотдиҳӣ ва идомаи муҳокимаи Ҳисобот оиди сохтори беруна тариқи гуфтушунид аз нигоҳ ва нуктаи назари ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади тасдиқи мушкилоти калидии секторҳо, бахшҳои алоқаманди соҳа, муайянсозии имкониятҳои нақшаи татбиқи “Шаҳри сабз” барои банақшагирӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе.
3) Баҳамоварии андешаҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба мушкилоти соҳавӣ, меъёрӣ ва молиявӣ, инчунин проблеммаи дар ҳисоботи аввала дарҷ нагардида.
4) Муҳокима ва дарёфти талаботи иқтидори шаҳри Душанбе дар ҳошияи дурнамои рушди “Шаҳри сабз”.
 
 
 
 

Илова кунед