БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА»

15 Майи 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 15.05.2021. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили «Рӯзи байналмилалии оила» дар муассисаи давлатии “Қасри бахт» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Оилаи солим-асоси пойдории давлат ва ҷомеа» бо даъвати оилаҳои намунавӣ ва навхонадорон аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Боиси хурсандист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15 май “Рӯзи байналмилалии оила” бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар ин замина дар пойтахти зебоманзари мо шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф барпо мегарданд, ки дар баргузории онҳо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт басо назаррас мебошад.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода кушода, оид ба одоби оиладорӣ ва пойдории оилаҳо баромад намуда, сипас муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Нигина ҷиҳати мустаҳкам намудани муносибатҳои оиладорӣ, фарҳангу маърифати оиладорӣ сухан гуфтанд. Қайд карданд, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дурударози худро дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, василаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайраҳо дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд.
Баъди суханронии муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4 ҷуфт оилаҳои намунавӣ аз рӯи чор бахш, аз ҷумла ба Якубова Фароғат аз ноҳияи Сино ҷиҳати “Тарбияи насли наврас дар руҳияи оиласолорӣ”, ба Нурова Шаҳло аз ноҳияи И.Сомонӣ оид ба “Таваҷҷуҳи оилаҳо ба таҳсили кӯдакон”, ба Ашурова Гулшан аз ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати “Ғамхорӣ ба ҳифзи сиҳатии оилаҳо” ва Усмонова Амина аз ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати “Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб” диплому туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Баъди супоридани диплому туҳфаҳо ба оилаҳои намунавӣ аз 4 ноҳияи пойтахт барномаи васеи фарҳангӣ намоиш дода шуда, хотири ҳозирин болида гардид.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед