ГУЛГАШТИ НАВ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУД

18 Майи 2021, Сешанбе

 
ш.Душанбе. 18.05.2021. Бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомоти пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат рӯз то рӯз зебою хуррам гардида истодааст. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва саъю талошҳои хастанопазири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гашта, баробари қомат афрохтани ҳазорҳо биноҳои таъиноти маъмуриву идорӣ, иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангию маърифатӣ, дар қаламрави чаҳор навоҳии шаҳр 260 адад майдончаи варзишӣ, садҳо сайргоҳу гулгашту боғ ва марказҳои бозии наврасону кӯдакон ифтитоҳ гардиданд.
Имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон Файзулло дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе расман гулгашти нав ифтитоҳ ёфта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Корҳои таъмириву азнавсозии гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз аз санаи 15 июни соли 2020 оғоз ёфта буд. Корҳои таъмириву азнавсозии гулгашт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутобиқи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ гашта, дар арафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳудуди гулгашт, роҳравҳо бо фурӯзонакҳои ороишии шабона муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки шабонгоҳон ба ҳусни гулгашт зебогиву шукӯҳи дигаре замм менамояд.
Масоҳати умумии гулгашт беш аз 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, иҷрои корҳо масоҳати беш аз 2 ҳазору 700 метри мураббаъро бо кабудизор ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар гулгашт дарахтон ва ниҳолу гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввора бо масоҳати умумии 310 метри мураббаъ аз нав сохта шуда, 2 адад фаввораи мавҷуда бо масоҳати 350 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ карда шудааст. Атрофи гулгашт бо сангҳои гуногун хеле хуб ороиш дода шуда, дар гулгашт тахаюли мухталифи хеле зебо бо гулу рӯстаниву шукуфаю майсазор анҷом дода шудааст.
Ҳамин тариқ, аз тарафи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар пойтахт чаҳор кӯпрук, се гулгашту сайргоҳ ва чандин иншооти дигари муҳими аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатидошта сохта мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед