ФОРУМИ ШАҲРИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ - «МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА»

19 Майи 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 19.05.2021. Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба муқовимат нисбати ифротгароӣ, гаравидани баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, пешгирии ин падидаи номатлуб, афзунтар намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ миёни омма, дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи пойтахт ва ҷумҳуриро ба иштирокдорони форум ёдрас намуда, зикр карданд, ки ҷавонон - ҳамчун неруи тавоною созандаи миллату давлат мебошанд.
Дар ҳамоиш, ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардори Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва чанде дигарон дар мавзӯъҳои гуногун оид ба муқовимат ба ифротгароӣ, вазъи ҷинояткорӣ, саҳми ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи ифротгароӣ, нақши ҷавонон дар рушду такомули ҷанбаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ карданд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбию миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиёни ҳамоиш музокира ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед