ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙТАХТ "ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН"

21 Майи 2021, Ҷумъа

  ш.Душанбе. 21.05.2021. Имрӯз дар Майдони 800-солагии Москва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии  фарҳангии шоми ҷавонӣ таҳти унвони “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон”  доир гардид. Дар ҷорабинии мазкур роҳбарияту кормандони вазорату идораҳо, кумитаҳо, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва Раиси шаҳри Душанбе, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.

  Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода баромад намуда, иштирочиёни шоми ҷавонӣ ва тамоми ҷавонони пойтахтро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, дар робита ба таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе нисбат ба дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имконияти арзанда ба ин қишри ояндасози ҷомеа дар пайравӣ ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд.

  Инчунин дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ намуда, оид ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангиву варзишӣ ва раванди созандагиву бунёдкории мамлакат ибрози андеша намуданд.

  Маврид ба таъкид аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар қатори дигар соҳаҳо бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе пазируфта шудааст. Аз ин рӯ дар пойтахт марҳила ба марҳила бо қабул гардидани барномаҳои соҳавӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои худтакмилдиҳӣ, иштирок дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат, ваҳдату ягонагӣ, фарҳанг ва асолати миллӣ, шароити  мусоид фароҳам овардааст.

  Инчунин саҳми ҷавонону наврасон дар амалинамоии сиёсати давлатии кишвар назаррас буда, дар таҷлил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас доранд. Қайд кардан зарур аст, бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди  фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2021,№251 тасдиқ гардида, дар доираи он як қатор тадбирҳо андешида шуданд.

  Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ”, Форуми шаҳрӣ вобаста ба пешгирӣ аз гаравидани наврасону ҷавонон таҳти унвони “Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа”, Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Варзиш омили муҳими солимиву зебоӣ ва таҳкими дӯстию бародарист!», ҳамоишҳои гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ва Президентӣ, ҳамоиши ҷавонони тариқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои оливу касбии ҳудуди шаҳри Душанбе таҳсилдошта, Аксияҳои тозагии умумишаҳрии ҷавонон таҳти шиори «Созандагиву бунёдкорӣ мароми мо ҷавонон», «Мо ҷавонон ба гузаштаи худ эҳтиром мегузорем», Шӯрои кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва ҷавонони аз оилаҳои камбизоат, сарбозони бистарии госпиталҳои ҳарбӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори мо ҷавонон», маҳфилу чорабиниҳо миёни ҷавонони эҷодкор, ташкили озмунҳои иншои беҳтарин дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри Сулҳ», мақолаи беҳтарин  «Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо», мусаввараи беҳтарин таҳти унвони «Манзараҳои шаҳри ман», озмуни радиоии  «Шаҳри мо-хонаи мо» тавассути марказҳои эҷодии кӯдакону наврасони шаҳр ва ноҳияҳо, Аксияи умумишаҳрии таблиғотию ташвиқотӣ таҳти унвони «Бар зидди падидаҳои номатлуби нашъамандӣ, паҳншавии ВИЧ\СПИД ва ҷинояткориву рафторҳои номатлуб мубориза мебарем!»,  дави миллӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, лагери омузишӣ, фарҳангиву фароғатӣ бо ҷалби  наврасону ҷавонони пойтахт ва вохӯриву суҳбатҳо, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ дар муассисаҳои оливу касбӣ, қисмҳои низомӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишӣ намунаи аз чорабиниҳои дахлдори нақшаи мазкур мебошанд, ки пайваста ба хотири сарҷамъиву муттаҳидии насли ояндасози миллат доир гардида истодаанд. Дар идома композитсияи адабӣ, бо ҳамовозии ҷавонони касбу кори гуногун қисмати фарҳангии чорабиниро оғоз намуда, таронаҳои марғубу дилнишини аҳли фарҳанг ва санъати кишвар дар васфи дӯстӣ, Ватан – модар, ҷавонӣ ва ҷавонон, Истиқлолият ва амсоли он пешниҳоди меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Илова кунед