Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2019: нишасти матбуотӣ
ш.Душанбе. 26.07.2019. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба рӯзноманигорон аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда маълумот доданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини нишодиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёду дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 6,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 21,2 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 122,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 114,3 фоиз, гардиши савдо 106,8 фоиз, мусофиркашонӣ 117,0 фоиз ва боркашонӣ 102,9 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, 9 293 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,1 фоиз зиёд мебошад.
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 462 корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 263,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 19,2 миллион сомонӣ ё 3,2 маротиба, саноати коркард 750,3 миллион сомонӣ ё 110,5 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 467,0 миллион сомонӣ ё 124,7 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 26,9 миллион сомонӣ ё 98,9 фоиз таъмин гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 112,6 фоиз, Шоҳмансур – 122,3 фоиз, Фирдавсӣ – 134,2 фоиз ва Сино – 119,0 фоизро ташкил додааст.
Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 115,6 фоиз, истеҳсолоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маҳсулот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол 136,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 1,6 маротиба, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 2,3 маротиба, истеҳсоли кимиёвӣ 2,5 маротиба, истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот 106,1 фоиз ва дигар истеҳсолот, таъмиру насби мошин ва таҷҳизотҳо 108,6 фоиз мусоидат намуданд.
Дар ин давра 94,0 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 3,8 миллион сомонӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 25,6 фоиз ва 9,9 фоиз зиёд мебошад.
Аз 101 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ дар ин давра истеҳсоли 70 номгӯй афзоиш ёфта, истеҳсоли 30 номгӯй кам шуда ва 1 номгӯй умуман истеҳсол нагардидааст.
Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 1,5 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар шаҳр барои оғози фаъолият 47 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 643 адад ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2019 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 926,6 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 маротиба ё 339,7 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 1,6 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,0 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Талафоти технологии барқ 15,2 фоизро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам аст.
Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 320,4 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад 295,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин 92,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли энергияи гармӣ дар мавсими зимистони давраи ҳисоботӣ ба 482,8 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,8 фоиз зиёд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ 2180 адад иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомот дар 26 иншооти таъиноти гуногун дар ҳаҷми 160,7 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ иҷро гардида, 9 иншоот ба маблағи 42,3 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар соҳаи маориф дар ин давра корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 22 иншоот барои 19 926 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шуд.
Инчунин, сохтмони 4 муассисаи таълимӣ барои 3018 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 15 муассисаи таълимӣ барои 13 608 ҷойи нишаст ва аз ҳисоби соҳибкорон сохтмони 14 адад муассисаи томактабӣ барои 1717 ҷой бо маром идома доранд.
Бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар 7 гулгашт ва дар 57 майдончаи варзишӣ оғоз шуда, 9 адад майдончаи варзишӣ ифтитоҳ ва аз ин 1 адад тибқи санади комиссияи давлатӣ қабул гардидааст.
Қобили зикр аст, ки то охири соли 2019 сохтмони 25 адад истгоҳҳои нақлиётии мусофирбарии замонавӣ дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоев дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкорон ва ташкилоту муассисаҳо 4095 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар 3 соли оянда бунёди иншоотҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ 21 адад барои 18 594 ҷойи нишаст, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 74 адад, сартарошхона ва кошонаи ҳусн 24 адад, сохтмони биноҳои баландошёна 133 адад ва рангубори биноҳо 2 224 адад пешбинӣ шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 653 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 448 адад биноҳо ва азнавсозии 112 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 16,0 фоизи иҷроиши нақшаи умумии чорабиниҳоро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 12 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 18,2 километр ва дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,3 километр корҳои таъмиру азнавсозӣ идома дошта, дар ҳаҷми 103,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 157,1 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 14 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 10 ширкати таксӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои боқимондаи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти пойтахт амалигардида 4 адад троллейбусҳои муосир (беноқил ҳаракаткунанда) аз Ҷумҳурии Беларус харидорӣ ва ворид карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки то охири соли ҷорӣ харидории 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи маблағҳои грантии ҷудонамудаи Ҷумҳурии Халқии Хитой воридоти 464 адад техникаи гуногуни коммуналӣ, инчунин 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ба нақша гирифта шудааст.
Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дошта, дар ин давра аллакай 20 хатсайр тариқи ин низом фаъолият намуда, марҳила ба марҳила дар хатсайрҳои боқимонда низоми мазкур ҷорӣ карда мешавад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи контингенти умумии даромадҳои буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ ё 100,2 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 964,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 44,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 482,5 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шудааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 95,3 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 949,0 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳои хориҷӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ ба 58,4 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши 548,2 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб 401,6 миллион доллари ИМА ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 24,0 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар ин давра ба 42156 адад расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз ё 1314 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра 3,9 ҳазор субъект таъсис дода шудааст, ки нисбат ба субъектони барҳамдодашуда 1,3 ҳазор адад зиёд мебошад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 863 корхонаву ташкилот фаъолиятро бо зарар ва 481 корхонаю ташкилот бо сифр (0) ҷамъбаст намуданд.
Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар арафаи идҳои миллию давлатӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ташкил ва баргузор карда мешавад.
Дар ин давра ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозорҳои ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Дуанбе» ҳамарӯза бо ҳисоби миёна аз 1,0 то 1,3 тонна гӯшт ба бозорҳои шаҳр пешниҳод гардида, бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон карда шуда истодааст.
Аз ҷониби корхонаи мазкур дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон харид ва воридоти шакар, равғани растанӣ ва гандум ба роҳ монда шудааст.
Аз ҳисоби гандуми воридотӣ корхона 767,4 тонна орди навъи якум ва 125,3 тонна орди навъи дуюм истеҳсол намуда, бо нархҳои дастрас бозорҳои шаҳри Душанберо таъмин намудааст.
Бо дарназардошти андешидани чораҳо дар самти таъмини молу маҳсулот дар моҳи июни соли ҷорӣ таваррум нисбат ба моҳи декабри соли 2018 дар сатҳи 4,2 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 113,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва 9,5 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 166,9 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд, ки аз нақшаи пешбинигардида ба маротиб зиёд мебошад.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.
Бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор карда шуд.
Бо қарори гурӯҳи кории озмун ноҳияи И. Сомонӣ дар самти беҳтарин боғи фарҳангу фароғатӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар самти беҳтарин гулгашт ғолибон озмун дониста шуда, бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати омодагиҳо вобаста ба баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ки дар пойтахт баргузор гардид, аз тарафи сохторҳои дахлдор кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо барои истиқболи меҳмонони олиқадр омода карда шуда, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар мавзеъҳои баргузории чорабиниҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.
Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомот рушди соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, вобаста ба он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 31 муассисаи томактабии хусусӣ ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.
Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 27 ҳазору 885 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 22 ҳазору 734 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1762 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 3389 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1524 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.
Муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин давра 146 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 16 адад буда, дорои 2 745 кати муолиҷавӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 44,3 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 447 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 17,7 ҳазор нафар ё 40,0 фоизи онро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадимаи халқи тоҷик, имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус пойтахт, дар доираи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2019, рӯзҳои 20 - 24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз - мероси фарҳангию сайёҳӣ» бо иштироки намояндагон аз бародаршаҳрҳо баргузор гардид.
Бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати баргузор намудани фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2019, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, 14 озмунҳои мухталиф, аз ҷумла, фестивали «Чакомаи гесӯ», фестивали «Сад ранги чакан», озмунҳои «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» ва ғайра дар пойтахт ташкилу баргузор карда шуд, ки ғолибони он дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар робита ба дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ 628 чорабинӣ бо фарогирии 146 ҳазору 905 нафар, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 466 чорабинӣ бо фарогирии 236 ҳазору 728 нафар, дар маҷмӯъ 1094 чорабинӣ бо фарогирии 383633 нафар гузаронида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 158 чорабинӣ ва шумораи фарогирандагон 63 ҳазору 031 нафар зиёд мебошад.
Яке аз тадбирҳое, ки дар ин давра мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии ҷавонон қарор дода шуд, ин тасдиқи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2022» мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дар ин давра дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиё, Ҷаҳон, ҷомҳои Осиёву Ҷаҳон ва бозиҳои Осиёгӣ ширкат варзида, 2526 нафари онҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 857 нафар соҳиби медали тилло, 816 нафар соҳиби медали нуқра ва 853 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта медали тилло 203 адад, нуқра 250 адад ва биринҷӣ 231 адад зиёд мебошад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Баҳри маълумоти бештар пайдо намудани сайёҳон аз имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ моҳи апрели соли ҷорӣ дар мавзеи зебоманзари шаршараи назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ» баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 39 меҳмонхона, 75 тарабхона, 125 қаҳвахона, 16 маркази дилхушӣ, 157 ошхонаи миллӣ, 4 чойхонаи миллӣ, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 4 гулгашт, 3 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 66 маркази савдо, 27 бозор, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 86 ширкати сайёҳӣ, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ ва театру осорхонаҳо ҷойгир буда, ҳамарӯза ба ҳазорҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба мақомот 10 497 мактуб ворид шудааст, ки аз ин шумора ба 5 967 адади он ҷавоби расмӣ ирсол гардидааст. Аз шумораи умумии мактубҳои воридшуда 4 275 мактуб хусусияти ахборотӣ дошта, 255 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд.
Дар доираи иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба мақомот 3 592 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баррасӣ ворид гардид.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 3 072 ададро муроҷиати хаттӣ ва 520 ададро муроҷиати шифоҳӣ тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар нишасти матбуотӣ, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои тобеи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони ВАО посух доданд.