ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ
25 Майи 2021, Сешанбе
ш.Душанбе. 25.05.2021. Авҷу суръати бесобиқаи тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ дар саросари шаҳри Душанбе, торафт ба зебову назаррабо гаштани симои пойтахти кишвар боис гашта, дар ин радиф барои сокинон шароитҳои беҳтари кору зиндагӣ фароҳам карад шудааст. Дар ҳошияи тадбирҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Сино иншооти нави ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Сино намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд. Маркази тавонбахшии маъюбон дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори иншооти муосири соҳаи тандурустӣ буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, фарогирии маъюбон ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардидааст. Тавре дар ҷараёни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази тиббӣ иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии Маркази тавонбахшии маъюбон дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш» дар ҳошияи ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо маблағгузории Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) амалӣ гардидааст. Марказ дорои шароити зарурии хизматрасонӣ ба беморон буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар марказ барои табобати ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон шароит фароҳам мебошад. Масъулини Маркази тавонбахшии маъюбон иброз медоранд, ки инҷо се ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва маҳс, ҳамзамон се ҳуҷраи тавонбахшӣ мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 15-20 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шаванд.
Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суроғаи кӯчаи Алишери Навоӣ 23/3-и ноҳияи Сино бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои истиқоматӣ аз таваққуфгоҳи зеризаминии нақлиётӣ ва 14 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебои меъмориаш ба ин гӯшаи шаҳри Душанбе зебогии хосса бахшидааст. Иншоот дар доираи тадбирҳои андешидаи шаҳрдорӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо манзилҳои босифати истиқоматӣ, аз ҷониби ҶДММ «Сохтмони Қалъа» бо риояи қоидаҳои меъмории муосир сохта шудааст. Бинои истиқоматӣ дар маҷмуъ аз 145 манзили истиқоматии 1-2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Аснои шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки дар ошёнаи аввали бинои истиқоматӣ бо риояи қоидаҳои зарурии бехатарӣ марказҳои муосири савдою хизматарасонӣ ҷой дода шудааст ва дар онҳо шумораи зиёди сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Бо бунёди ин қабил биноҳои хуштарҳи истиқоматӣ дастрасии аҳолӣ бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин гардида, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба худ симои муосир мегирад. Дар раванди бунёди ин қабил иншооти манзилӣ риояи қоидаҳои бехатарию меъморӣ аз шартҳои асосӣ буда, он аз ҷониби сохторҳои марбута назорат мешавад. Масъулини ҶДММ «Сохтмони Қалъа» ҳам иброз доштанд, ки дар бунёди ин ва дигар иншооти бунёдмекардаи ширкати сохтмонӣ, дар баробари тезонидани суръати корҳо инчунин ба риояи қоидаҳои муқарраргардидаи сохтмонӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад.
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/108.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/117.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/172.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/162.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/89.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/713.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/414.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/May2021/312.jpg)