Тоҷикӣ

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОНИ ПОЙТАХТ

26 Майи 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 26.05.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар робита ба иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада баргузор гардид. Роҳбари гурӯҳ муовини раиси ноҳияи Сино ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба ҷавонон вобаста аст. Онҳо бояд аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, зирак ва бедору солимфикр бошанд. Дар пешрафту шукуфоии кишвар бо меҳнати аҳлона ва созандаю бунёдкоронаи худ саҳми арзанда гузоранд.
Дар идомаи вохӯрӣ Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ вобаста ба нақши ҷавонон дар пешрафту инкишофи кишвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки сиёсати созанда ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи рушди маънавиёти ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии онҳо падидаи бесобиқа аст.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба ҷавонон такя намуда, мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, барои татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам сохтааст.
Ҳамзамон, чунин вохӯрӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и ноҳияи Шоҳмансур масъулини сохторҳои гуногун бо иштироки устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, волидайни толибилмони таълимгоҳҳои ноҳияи мазкур мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба аҳамияти ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибдории сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тағйироту дигаргуниҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар ин марҳала ба вуқӯъ пайваст, бунёди мактабҳои нав дар пойтахт, аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои наврасону кӯдакон, тарбияи худшиносию маънавии наврасону ҷавонон, тозаву зебо нигоҳдоштани иншооти варзишӣ, боғу гулгаштҳо ва мактабҳо, осоишу амният, сулҳу субот дар мамлакат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муфассал андешаронӣ карда шуд.
Инчунин, вохӯрии дигар бо иштироки Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода, мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раймалӣ Нуриддинов ва истиқоматкунандагони маҳаллаи Зафари пойтахт дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 87-и ноҳияи Синои шаҳр баргузор гардид.
Масъулин ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ атрофи масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҷомеа суханронӣ карда, зикр намуданд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.
Дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулину мутасаддиёни гурӯҳҳои таблиғотӣ аз иштирокчиёну сокинон даъват ба амал оварданд, ки дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфиди Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо, муассисаву ташкилоти ҳудуди пойтахт идома доранд.
 
 
 
 

Илова кунед