ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ
27 Майи 2021, Панҷшанбе
ш. Душанбе. 27.05.2021. Имрӯз бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Марзбонони содиқи Ватан” чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қушунҳои сарҳадӣ ба муҳофизони марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон ва кормандону хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ расонида, зикр намуданд, ки суботу оромии кишвар самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии мамлакат мебошад. Зикр гардид, ки саҳми кормандону афсарон ва сарбозони Қушунҳои сарҳадии мамлакат дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва моликияти давлату шаҳрвандон беназир буда, ин рисолати худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро менамоянд. Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти қушунҳои сарҳадӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохиливу берунаи кишвар мубаддал гардид.
Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Шоҳиён Абдусаттор ва муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал майор Мирзозода Сафаралӣ Раҳим суханронӣ намуда, тамоми кормандону хизматчиёни Қушунҳои сарҳадӣ ва сокинону меҳмонони пойтахтро ба муносибати Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Ба хотири эҳтирому эътимод ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои афсарону сарбозон, ба як қатор афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадӣ ва волидайни онҳо, ки фарзандонашон имрӯзҳо содиқона дар ҳимояи марзу буми кишвар қарор доранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷоизаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт ва тибқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28 май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азиз шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон хубтару беҳтар гардида истодааст.
Сипас чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.