ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №301 АЗ 26.05.2021
Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
- Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти алоқаманд ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар нимсола маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарор ва рафти амалисозии нақшаи тасдиқгардидаро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода А.Ф. гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ