ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

28 Майи 2021, Ҷумъа

28.05.2021 ш. Душанбе. Имрӯз ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни кормандони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" дар майдончаҳои варзишии Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуда, доир ба иқдомҳои наҷибу варзишдӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯз дарҳои садҳо майдончаҳои варзишии мувофиқ ба талаботи муосир дар шаҳр барои дӯстдорони футбол бозанд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди футбол ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мусобиқаи мазкур соли панҷум аст, ки доир мегардад ва сол то сол сафи иштирокчиёни он меафзояд. Имсол дар мусобиқа зиёда аз 80 даста, аз вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, теъдоди иштирокдорон нисбат ба соли гузашта зиёд гардидааст. Дастаҳо ба 8 гурӯҳ ҷудо карда шуда, давоми зиёда аз як моҳ барои ҷойҳои ифтихорӣ ва дарёфти ҷоизаи асосӣ-"Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" рақобат хоҳанд кард. Ғолибони мусобиқа бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ хоҳанд шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед