КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ
31 Майи 2021, Душанбе
ш.Душанбе. 31.05.2021. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрнишинон маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад давоми солҳои охир дар шаҳри Душанбе биноҳои муҳташами истиқоматии баландошёна бо инфрасохтори муосири хизматарсонӣ бунёд гардида истодааст. Иншооти мазкур бо риояи қоидаҳои муқарраргардидаи меъморӣ сохта шуда, дар раванди бунёди онҳо талаботи шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта мешавад. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳам тадбирҳои муассири сохтмонӣ рӯйи даст гирифта шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аллакай зиннатбахшии ин гӯшаи пойтахти мамлакат гаштаанд. Дар доираи омодагиҳо ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия, боз 6 иншооти нави соҳа расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни марвиди истифода қарор додани иншооти мазкур, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд. Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Валаматзода 21-и ноҳия ҳам аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ буда, бо симои муосираш ба ин кӯча зебогии хоссе бахшидааст. Бинои истиқоматӣ аз 14 ошёна бо таваққуфгоҳ дар таҳхонаи аввали он иборат буда, дар ошёнаи аввал маркази муосири фароғатӣ барои кӯдакон ташкил гардидааст. Маркази фароғатии кӯдакона бо риояи қоидаҳои бехатарию зиддисӯхторӣ ва бо дизайни ҷолиб ташкил гардида, феълан дар он барои бозию дилхӯшии кӯдакон шароитҳои зарурӣ фароҳам мебошад. Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамовардашуда дар ин маркази дилхӯшӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба дастандаркорони ин иқдоми наҷиб барои шароитҳои зарурии истироҳативу фароғатӣ фароҳам кардан ба насли наврас арзи сипос карда, дар фаъолияти минбаъдаашон ба онҳо барору муваффақият хостанд.
Дар ин рӯз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ҳамзамон аз иншооти дигари истиқоматию хизматрасонӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш 5-и ноҳияи Шоҳмансур дидан карданд. Бинои мазкур аз 12 ошёна иборат буда, дар ду ошёнаи аввали он марказҳои савдою хизматарсонии маишию тиббӣ ҷой дода шудааст.
Иншооти дигари ҷашнӣ, ки дар ин рӯз аз он дидан карда шуд, бинои истиқоматии 17-ошёна дар кӯчаи Лоҳутӣ 4/33-и ноҳияи Шоҳмансур буд. Дар ин бинои истиқоматӣ дар маҷмӯъ барои 284 оила шароитҳои муосири зисту зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Иншоот аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” дар муҳлати пешбинигардида сохта шуда, дар раванди сохтмону муҷаҳҳазргардонӣ талаботи меъмории муосир ва бехатарӣ ба инобат гирифта шудааст. Дар таҳхонаи иншоот таваққуфгоҳ барои наздики 100 адад воситаи нақлиёт ва дар ду ошёнаи аввал бошад марказҳои савдою хизматрасонӣ ҷой дода шудааст, ки иқдоми самарабахш дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шароитҳои фароҳамгардида барои бошандагон дар ин бинои истиқоматӣ дидан карда, ба рафти корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва барои соҳамгузорӣ дар татбиқи сиёсати созандаи шаҳрдорӣ ба масъулини ширкати сохтмонӣ миннатдорӣ баён намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар шафати ҳамин бинои истиқоматӣ бунёди бинои дигари бисёрқабата бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматарсонӣ шурӯъ гардидааст. Дар баробари бунёди бино роҳбарияти ширкат ба масъалаи ободонии гирду атрофи иншоот ва шароити маишии бошандагон, аз ҷумла дар самти бунёди майдончаи варзишию солимгирдонӣ ҳам тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
Дар идомаи боздид аз иншооти ҷашнӣ масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин аз маҷмӯи биноҳои истиқоматии баландошёна дар шаҳраки 194-уми маҳаллаи Ховарон, бинои бисёрошёна дар гузаргоҳи 4-уми кӯчаи Садриддин Айнӣ ва бинои 5-ошёна дар кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур дидан карданд ва бо масъулини ширкатҳои сохтмонӣ бевосита суҳбат оростанд. Дар ҷараёни боздид аз иншооти болозикр ба масъулини ширкатҳои сохтмонӣ бобати саҳмгузории бештарашон дар раванди тадбирҳои ободонию созандагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодҳои муфид дода шуд. Гуфта шуд, ки тадбирҳои андешидаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ бо манзилҳои истиқоматӣ дар воқеъ самараи дилхоҳ ба бор овардааст. Зеро имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқаматӣ бо авҷу суръати бесобиқа идома дорад. Намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ҳам таъкид доштанд, ки бо нишони ҷонибдории амиқ аз иқдомҳои бунёдкоронаи шаҳрдорӣ, кӯшиш менамоянд, суръату сифати корҳоро дар раванди сохтмони иншооти баландошёна ҷиддӣ риоя кунанд.