ИДОМАИ ТАДБИРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ПОЙТАХТ

31 Майи 2021, Душанбе

ш. Душанбе. 31.05.2021. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо рушду пешравиҳо ба назар расида, шароити зиндагии сокинон беҳтар шудааст. Дар ин замина садҳо иншооти таъиноти гуногун бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт бунёд шудааст, ки имрӯз чанде аз онҳо ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз Роҳи автомобилгарди кӯчаи Сомон, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, марказҳои савдою хизматарсонӣ, биноҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, тарабхона ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иборат буда, аз лиҳози таъиноташон ба зебоии бештари маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, беҳтар шудани сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави ғани гардидани буҷети шаҳри Душанбе мусоидат менамоянд. Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Исмоили Сомониву Фирдавсӣ иштирок доштанд. Дар ин рӯз нахуст дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои истиқоматии 9 ошёна маврии баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷойгир буда, аз 68 ҳуҷра ва маркази савдо дар масоҳати 347 метри мураббаъ иборат мебошад. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Сангреза» аст.
Дар доираи корҳои созандагӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҶДММ «Стройсентр» бинои баландошёнаи истиқоматиро дар кӯчаи Фирдавсӣ бунёд намудааст. Дар ошёнаи аввали бино Маркази савдои «Ёвар» ташкил шудааст ва ба сокинон хизмат мерасонад. Масоҳати зисти бино 5200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 70 ҳуҷраи истиқоматӣ ҷойгир аст. Дар маркази савдои он бошад 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар доираи нақшачорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ марказҳои хизматрасонӣ ҳам ташкил шудаанд, ки маркази истеҳсоли маҳсулоти қаннодии «Кейк мастер» аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар ин марказ шароити зарурӣ барои омодасозии навъҳои гуногуни ширинӣ муҳайё буда, барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба муштариён ҳам нуқтаи махсус ташкил шудааст. Ин корхонаи хурди итсеҳсолӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ ташкил шуда, дар заминаи фаъоли он сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ яке аз маконҳои истироҳатии ноҳияи мазкур буда, баъди навсозӣ шароити хизматрасонӣ дар он бамаротиб беҳтар гардидааст. Дар гӯшаҳои боғ ташкили нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои хӯроки умум фаъолият мекунанд. Қаҳвахонаи «Шоҳнома» дар ин замина бунёд ва дар доираи омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорида шуд. Ҳоло шароити созгор барои истироҳаткунандагони боғ дар ин нуқтаи хӯроки умум фароҳам мебошад. Бунёди ин марказ барои боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи боғ заминаи мусоид фароҳам намудааст. Ҳоло дар қаҳвахонаи «Шоҳнома» 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳибкорон талош доранд, ки бо васеъ намудани фаъолияти он шумораи ҷойҳои нави кориро бештар намоянд ва дар ин замина сатҳу сифати хизматрасониро низ боло бардоранд.
Кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Фирдавсӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе давоми солҳои охир навсозӣ гардидааст. Иншооти дар ин кӯча ҷойгирбуда низ дар заминаи иқдомҳои ободонӣ таъмиру навсозӣ шудаанд. Нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Тоҷ-Ойл» бо ҷойгиронии маркази савдо низ пурра навсозӣ гардида, шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам шудааст. Тавре соҳибмулк иттилоъ дод, ҳоло дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 13 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Намои берунаи иншоот бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва воситаҳои ороишӣ бунёд шуда, бо зебоии худ ба ҳусни ин гӯшаи пойтахт шаҳомати хоса бахшидааст.
Таъмиру навсозии роҳҳои дохили шаҳр яке аз масъалаҳои муҳим буда, давоми солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аксари роҳхо таъмир шудаанд. Дар шаҳраку маҳаллаҳо низ бо пуштибонӣ аз чунин ташаббусҳои созанда соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳоро таъмир намудаанд. Дар ноҳияи Фирдавсӣ роҳи маҳаллаи Сомон дар масоҳати 5600 метри мураббаъ бо қувваи шахсони эҳсонкор мумфарш гардида, ҳоло дар ин кӯча ҳаракати бемушкили воситаҳои нақлиёт таъмин шудааст.
Дар кӯчаи Борбади ноҳия ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази савдову хизматрасонии «Тоҷ» низ бунёд шудааст. Ин маркази савдо дар масоҳати 185 метри мураббаъ сохта шудааст. Тавре соҳибкорон иттилоъ доданд, ин марказро дар заминаи дастгирии соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бунёд намудаанд. Марказ аз нуқтаи савдо, дорухона ва иншооти дигар иборат буда, он бо тарҳи зебо сохта шудааст. Ташкили маркази савдову хизматрасонии «Тоҷ» барои дастрасии сокинони атрофи он ба маҳсулоти босифати ниёзи аввал мусоидат менамояд. Дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам чанд иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед