ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ “АТЛАСУ АДРАС”
ш. Душанбе. 04.06.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 майи соли 2021, №315 оид ба баргузор намудани даври шаҳрии Фестивали “Атласу адрас” дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар доираи эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” даври шаҳрии Фестивали “Атласу адрас” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод суханронӣ намуда, мақсади асосии баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу адрас, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивали мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қайд бояд кард, ки даври шаҳрии фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадима, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои идона ва намоиши либосҳои расмӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.
Лозим ба зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.
Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.