ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
05 Июни 2021, Шанбе
ш. Душанбе. 05.06.2021. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021, № 286 дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Душанбе-маскани озодагон” баргузор гардид.
Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулотҳои аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошташуда баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим суханронӣ намуда, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ба меҳмонону ҳозирин ва сокинони пойтахт расониданд. Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода суханронӣ карда, мақсади асосии таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зистро тозаву озода нигоҳ доштани атроф, фароҳамсозии фазои тозаи экологӣ, ҳифзи муҳити солим ва таъмини маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза маънидон намуд.
Қайд бояд кард, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чанд озмуну мусобиқаҳо баргузор карда шуданд ва ғолибони онҳо дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ, дар озмуни ҷумҳуриявии “Сабз бодо кишварам”, нафарони зерин ғолиб дониста шуданд:
Зинаи аввал насиби Пак Тамерлан, хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, зинаи дуюм насиби Файзалиева Субҳия, аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, зинаи сеюм насиби Боев Абдураҳмон, хонандаи МТМУ №93-и ноҳияи Сино ва зинаҳои минбаъда насиби Эргашева Зарина, хонандаи МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Юсуфова Зебӣ, хонандаи МТМУ №48-и ноҳияи Шоҳмансур, Абдуллоев Шоҳнур, хонандаи мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе, Мирзоюсуфова Сайёра, хонандаи МТМУ №93-и ноҳияи Сино гардиданд.
Инчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист марафони велосипедронӣ доир карда шуд. Дар маросими кушодашавии марафони велосипедронӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб ва намояндагони Федератсияи велосипедронӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ, диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои соҳа самараи дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинии мазкур барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои тараннумгари меҳанпарастиву ватандӯстӣ дар иҷрои ҳунармандони касбии кишвар, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.