МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО РАИСИ ШАҲРИ КОБУЛ МУҲАММАД ДОВУД СУЛТОНЗУЙ

07 Июни 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 07.06.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуд. Раиси шаҳри Душанбе роҳбарияти шаҳри Кобулро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ зоҳир карда шуд.
 
 
 
 
 

Илова кунед