ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №345 АЗ 09.06.2021

09 Июни 2021, Чоршанбе

Дар бораи баргузор намудани даври шаҳрии озмуни кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ                                                                                                                             

Бо мақсади иҷрои банди 25 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, тасдиқ гардидааст ва иҷрои банди 25 ҷадвали баргузории фестивал, намоиши, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории даври шаҳрӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе,  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9370 (нуҳ ҳазору сесаду ҳафтод) сомониро тибқи замимаи 3 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед