ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "КАНДАКОРӢ, ГАҶКОРӢ, ОИНАБАНДӢ ВА КУНДАЛНИГОРӢ"

11 Июни 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 11.06.2021. Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2021, №345 оид ба баргузор намудани даври шаҳрии озмуни “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” даври шаҳрии озмуни “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони соҳибтаҷриба аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунарҳои дастӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи чор ноҳияи пойтахт, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод суханронӣ намуда, мақсади баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати ҳунари миллӣ, рушди ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивали мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳунари кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ таърихи қадима дошта, дар ашъору асарҳои бузургон ба таври васеъ тасвир ёфтааст.
Ҳунари кандакорӣ усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гил ва гаҷ буда, аз маъмултарин намуди санъати миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Кандакорӣ таърихи беш аз ҳазорсола дошта, намунаҳое, ки аз ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Вахш дарёфт шудаанд, ба асрҳои 8-10, 15-19 мутааллиқанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маҳсули дасти кандакорону гаҷкорон ва оинабандону кундалнигоронро дар сутуну болор, дару тирезаҳои чойхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ дидан мумкин аст. Дар осорхонаҳои кишвар намунаҳои олии ин намуди ҳунарҳои мардумӣ ҳифз шудаанд.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушду инкишофи ҳунарҳои миллию мардумӣ бахусус кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед