МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА БАСКЕТБОЛ БАЙНИ МАРДОН БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ОҒОЗ ГАРДИД.

21 Июни 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 21.06.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар КВД “Қасри теннис” маросими ифтитоҳи мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба баскетбол байни мардон барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва Директори КВД "Қасри Теннис" Далер Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, ҳадафи асосии чорабинии мазкурро ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши шиноварӣ дар кишвар ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуданд.
Қайд бояд кард, ки дар мусобиқаи мазкур 14 даста аз  ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои пойтахт фаъолона иштирок намуданд. Мусобиқа дар ду марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи аввал миёни варзишгарони касбӣ ва марҳилаи дуюм миёни кормандони вазорату кумитаҳо гузаронида мешавад. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибонро туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе интизор аст.
 
 
 
 

Илова кунед