ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ШИНОВАРӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

21 Июни 2021, Душанбе

ш. Душанбе. 21.06. 2021. Имруз дар КВД "Қасри теннис"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва дастаҳои Вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ (миёни мардон ва занон) бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД" Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва Директори Касри теннис Далер Шарифӣ иштирок доштанд.
Кайд менамоем, ки аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа туҳфаҳои молию пулӣ, Ҷом, медал ва дипломи шаҳрдориро тақдим карда шуданд.
Байни варзишгарони ғайрикасбӣ; дар намуди инфиродӣ ҷои 1- 800 сомони, ҷои 2 - 700сом, ҷои 3 - 500 байни мардон ва занон ҳам ба чунин зайл маблағ сарфароз гаштанд.
Дар намуди даставӣ байни варзишгарони касбӣ (миёни мардон)
Ҷои 1- Душанбе -1 маблағ дар ҳаҷми 6800 сомонӣ;
Ҷои 2 - Душанбе -2 маблағ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ;
Ҷои 3 - Суғд маблаг дар ҳаҷми 5000 сомонӣ .
Байни варзишгарони касбӣ (миёни занон)
Ҷои 1- 2 ва 3 дастаи шаҳри Душанбе сазовор гашта ба чунин зайл низ маблағ сарфароз шуданд.
 
 
 

Илова кунед