БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОНИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ТАҲТИ УНВОНИ “ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21 Июни 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 21.06.2021. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Форуми байналмилалии ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда, ҳадафи асосии форуми мазкурро татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни ҷавонони тоҷик бо дигар халқиятҳои олам, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон карданд.
Ҳамзамон муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ карда, ба меҳмонону иштирокчиёни форуми музкур барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, муаррифии фарҳангу тамаддун, маконҳои таърихию имкониятҳои сайёҳи муваффақияту бурдборӣ таманно намуданд.
Қайд бояд кард, ки Форуми байналмилалии ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 19 то 26 июни соли 2021 дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” гузаронида мешавад.
Дар форуми мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар идомаи Форум иштирокчиён аз мавзеҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дидан намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед