МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ АССОТСИЯТСИЯИ ФУТБОЛИ ҚАТАР ҲАМАД БИН ХАЛИФА БИН АҲМАД АЛ-ТАНӢ

21 Июни 2021, Душанбе

ш. Душанбе. 21.06.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносиботи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Танин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан футбол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа миёни давлатҳо тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд карданд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи футболи Қатар хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик дар Қатар таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол тибқи талаботҳои муосир ташкил намудани мусобиқаҳоро сайқал медиҳанд.
Сипас Созишномаи ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи футболи Қатар ба имзо расонида шуд, ки он тӯли панҷ сол амал мекунад ва дар он табодули дониш ва таҷриба, барномаҳои мушоҳида ва сафарбаркунӣ, таҳкими иқтидор, лагерҳои омӯзишӣ ва бозиҳои дӯстона пешбинӣ шудааст.
Мулоқот дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед