ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №367 АЗ 22.06.2021

22 Июни 2021, Сешанбе

Дар бораи тасдиқи “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”    

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

  1. Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” тибқи замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии барномаи мазкур чораҳои амалӣ андешанд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи барномаи мазкур дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
  4. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” муқаррар гардида, ҳар сол то 20 ноябр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ гардидани  он гузориш пешниҳод намояд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

        РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ    

Илова кунед