МУЛОҚОТ БО ИМОМХАТИБОНУ ХОДИМОНИ МАСҶИДҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

24 Июни 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 24.04.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикор ва ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо иштироки имомхатибон, ходимони масҷидҳо, домуллову аҳли дини мубини ислом ва фаъолону зиёиёни ноҳия ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе - Муинӣ Мавсума Муинзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон - Саидмукаррам Абдуқодирзода, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Душанбе - Абдуалим Норасов, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе - Шарифзода Хушбахт Салим иштирок намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе - Муинӣ Мавсума Муинзода зимни суханронии хеш аз бобати пешгирии хурӯҷи навбатии бемории сироятии коронавирус, эҳтиёт намудан аз ин вируси даҳшатноку марговар, истифодаи маводҳои антисептикӣ, риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ, истифодаи доимии ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, ташкили гурӯҳҳои корӣ муфассал андешаронӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои миллӣ ва таърихии дар пешистода изҳори назар намуданд. Дар чорабинии номбурда раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон - Саидмукаррами Абдуқодирзода, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Душанбе - Абдуалим Норасов, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе - Шарифзода Хушбахт Салим оид ба таъсиру зиёни ин маризии марговар, корҳои омодагӣ нисбати пешгирии Ковид-19, бо маслиҳату машварати тарафайн амал намудан, наҳаросидан ва дода нашудан ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳои беасос ва дигар масоили умдаи рӯз ба таври мушаххас андешаронӣ намуданд.

Илова кунед