ҶАМЪБАСТИ "ҶОМИ ШАҲРДОРӢ" БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

24 Июни 2021, Панҷшанбе

 
ш.Душанбе. 24.06.2021. Имрӯз дар майдончаҳои Федератсияи Футболи Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилоту муассисаҳои тобеи он ва ноҳияҳои поитахт барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқа Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Исо Бафоев, Сардори Раёсати кор ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва Директори МД "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 29 май то 24 июни соли 2021 доир гардид. Дар мусобиқа 36 дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилоту муассисаҳои тобеи он ва ноҳияҳои пойтахт дар 6 гурӯҳ маҳорати хешро нишон доданд. Дар вохӯриҳои ниҳоӣ дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе-2 бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар шаҳри Душанбе бо Шабакаҳои гармдиҳии шаҳри Душанбе бо ҳамдигар бозӣ намуданд.
Ҳамин тариқ ҷои якум насиби дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе-2 , ҷои дуюм насиби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷои сеюм насиби дастаи Шабакаҳои гармдиҳии шаҳри Душанбе гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷои якум Ҷом, медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 13000 сомонӣ, ҷои дуюм, медал, диплом, маблағ 12090 сомонӣ ва ҷои сеюм, медал, диплом маблағ дар ҳаҷми 10350 сомонӣ тақдим карда шуд.
Инчунин ба 5 нафар бозингарони беҳтарин мусобиқа 500 сомонӣ тақдим карда шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед