ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ ШАҲРДОРӢ"

25 Июни 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 25.06.2021. Имрӯз дар толори мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпи №5 оид ба бозиҳои варзишӣ мусобиқаи кушоди варзишӢ оид ба тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" оғоз гардид.
Дар оғози мусобиқаи мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндаи Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Наргис Гафурова, Сардори Раёсати кор ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва директорони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ёдовар менамоем, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 то 30 июни соли 2021 баргузор мегардад. Дар мусобиқа 28 даста аз вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ширкат меварзанд. Мусобиқа даставӣ ва инфиродӣ байни ҳаваскорон баргузор гардида, дар фарҷоми он ба ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҷоми шаҳрдорӣ, диплом, медал ва мукофотҳои пулию тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед