ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ХӮРИШҲОИ МИЛЛӢ ВА МУОСИР"
25 Июни 2021, Ҷумъа
ш.Душанбе. 25.06.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи «Тоҷикматлубот» даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Хӯришҳои миллӣ ва муосир” баргузор гардид. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии Хӯришҳои миллӣ ва муосир» муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Умед Гуреззода, намояндагони Иттифоқи «Тоҷикматлубот», намояндагони чор ноҳияи пойтахт ва беҳтарин ошпазону кадбонувон иштирок намуданд. Лозим ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Хӯришҳои миллӣ ва муосир” ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, тарғиби тарзу намуди тайёр кардани хуришҳои миллию муосир, табодули таҷрибаи пешқадами истеҳсолкунандагони хӯришҳои миллию муосир ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Қайд бояд кард, ки дар даври шаҳрии озмун довталабоне, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон хуришҳои омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд. Қабл аз маросими мукофотсупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ карда, ба иштирокчиёни озмунро табрик намуда, зикр карданд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди тамоми соҳаҳо, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст. Хамин тариқ, ҷои сеюм насиби тарабхонаи Мерве, ҷои 2-юмро тарабхонаи Яккасарой соҳиб гардида, тарабхонаи Дидор бо ишғоли ҷои аввал ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ, диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қадрдонӣ карда шуданд. Иштирокчиёни дигари озмун низ қадрдонӣ карда шуданд.