ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ҚАИҚРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ ШАҲРДОРӢ"

25 Июни 2021, Ҷумъа

 
ш.Душанбе. 25.06.2021. Имрӯз ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба қаиқронӣ байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва дастаҳои Вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ (миёни мардон ва занон) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" оғоз гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуда, доир ба иқдомҳои наҷибу варзишдӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши қаиқронӣ ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аз 25 июн то 11 июли соли ҷорӣ идома карда, даври ниҳоии он дар баҳри Норак баргузор мегардад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед