Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ШОМИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ УЗВИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25 Июни 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 25.06.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангиву фароғатии “Шоми дӯстии ҷавонони узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар доираи Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем!” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, ҷавонони фаъол Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Молдова, Россия ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда, ҳадафи асосии барномаи фарҳангиву фароғатии “Шоми дӯстии ҷавонони узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”-ро татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни ҷавонони тоҷик бо дигар халқиятҳои олам, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуданд.
Ҳамзамон муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ карда, ба меҳмонону иштирокчиёни чорабинии мазкур барои муаррифии фарҳангу тамаддун, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, маконҳои таърихию имкониятҳои сайёҳи муваффақияту бурдборӣ таманно намуданд.
Сипас ҳамчун рамзи дӯстии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатхои мустакил дар доираи Шоми дӯстии ҷавонони Иттиҳод чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед