ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ!

26 Июни 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 26.06.2021. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони назди шаршараи муассисаи давлатии Боғи "Наврӯзгоҳ" бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони "Ваҳдати миллӣ - омили пешрафти давлату миллат" баргузор гардид.
Нахуст дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, тамоми мардуми шарифи кишвар ва сокинони пойтахтро бо фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд.
Зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ва бояд ба қадри ин неъмат яеъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон якдилона камари ҳиммат бандем.
Сипас чорабинии фарҳангии иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату якдилӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед