БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ НУҲУМИ АВТОМОБИЛҲОИ КОЛЛЕКСИОНИИ «АВТО-РЕТРО ДУШАНБЕ»

27 Июни 2021, Якшанбе

ш.Душанбе. 27.06.2021. Дирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 апрели соли 2021, №181 дар бораи баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» дар майдони «800 солагии Москва»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор гардид.
Фестивал-намоиши мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 хамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, намунаҳои гуногуни мошинҳое, ки санаи бароришашон ба қарни 20 рост меояд ба маъраз гузошта шуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед