МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГӮШТИНИ МИЛЛӢ “ГӮШТИНГИРӢ” БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” БАРГУЗОР ГАРДИД

27 Июни 2021, Якшанбе

ш.Душанбе. 27.06.2021. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 июни соли 2021, №339 доир ба баргузор намудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарони кишвар, инчунин варзишгарон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қувайт, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳам омада, сабқат намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи вазнҳои то 65кг, 75кг, 90кг ва +90кг қувваозмоӣ намуданд.
Ҳамин тариқ ғолибони мусобиқа дар чор вазн муайян гардиданд. Зинаи аввал дар вазни 65кг насиби Ориф Додов паҳлавон аз Тоҷикистон, зинаи дуюм насиби Бӯриев Дилшод паҳлавон аз Ӯзбекистон, зинаи сеюм насиби Хайрандеши Муродзода паҳлавон аз Тоҷикистон ва Муҳаммад Юсуф Шуйаб паҳлавон аз Афғонистон гардид.
Дар вазни 75кг бошад, ҷои якум насиби паҳлавони тоҷик Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, ҷои дуюм насиби паҳлавони ӯзбек Улуғбек Отабмуродов, ҷои сеюм насиби паҳлавонони қирғиз Мирлан Эралиев ва Мирзоҷамил Рамазонов паҳлавони тоҷик гардид.
Дар вазни 90кг мақоми аввал насиби Ҷаҳонгир Маҷидов паҳлавон аз Тоҷикистон, мақоми дуюм насиби Эркин Қазоқов паҳлавон аз Ӯзбекистон, мақоми сеюм насиби паҳлавонон аз Россия Арам Григорян ва Ҳамроз Раҷабов паҳлавон аз Тоҷикистон гардиданд.
Дар вазни +90кг бошад, зинаи якум насиби паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов, зинаи дуюм насиби паҳлавони эронӣ Ҷарҷал Иброҳим Шаҳриёр, зинаи сеюм насиби паҳлавони тоҷик Шариф Назриев ва паҳлавони ӯзбек Яҳё Имонов гардид.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки ғолибони ҷойи аввалро дар чор вазн бо шоҳҷоизаҳои мусобиқа 4 автомобили тамғаи “Равон” қадрдонӣ намуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони зинаҳои дуюм дар чор вазн мукофотҳои пулӣ ба маблағи 34650 (сиву чор ҳазору шашсаду панҷоҳ) сомонӣ ва зинаҳои сеюм дар ҳаҷми 17325 (ҳабдаҳ ҳазору сесаду бисту панҷ) сомонӣ, ҳамзамон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ, фароҳам овардани имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар кишвар, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони кишвар ва ҷаҳон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонони ҷумҳурӣ миёни варзишгарони ҷаҳон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед