ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ ШАҲРДОРӢ ОИД БА ТЕННИСИ РӮИ МИЗ

30 Июни 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 30.06.2021. Имрӯз дар толори мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпи №5 оид ба бозиҳои варзишӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гаидид.
Дар оғози мусобиқаи мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндаи Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Наргис Гафурова, Сардори Раёсати кор ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва директорони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ёдовар менамоем, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 то 30 июни соли 2021 баргузор гардида, дар мусобиқа 32 даста аз вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ширкат намуданд.
Ҳамин тариқ миёни мардон ҷои якум насиби дастаи ҶДММ "Интер-Фитнес" ҷои дуюм насиби дастаи Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе ва ҷои сеюм насиби кормандони мактаби махсуси вазишии захираҳои олимпӣ оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе гардид. Ғолиби зинаи аввал миёни занон бошад, дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зинаи дуюм дастаи ВКД ҶТ ва зинаи сеюм насиби дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибони ҷои якум миёни мардону занон Ҷом, медал, диплом, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7740 сомонӣ, ҷои дуюм, медал, диплом, 6000 сомонӣ ва ҷои сеюм, медал, диплом мукофоти пуллӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ба ғолибони инфиродӣ миёни мардону занон ҷои якум маблағ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, ҷои дуюм 800 сомонӣ ҷои сеюм 600 сомонӣ супорида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед