ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР ПОЙТАХТ
30 Июни 2021, Чоршанбе
ш.Душанбе. 30.06.2021. Субҳи имрӯз дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Ҳусейнзода 5 бинои иловагии Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи шаҳрии №2» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бинои иловагии таваллудхона утоқҳои роҳбарият, кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2, бойгонӣ, ҳуҷраи табобатӣ-физиотерапевтӣ, ошхона, озмоишгоҳ, ҳуҷраи ултрасадо, ҳуҷраи дастгоҳи тамизгардонии буғӣ иборат мебошад. Зимни муаррифии бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрии №2 изҳор гашт, ки бино бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, таҷҳизоти он аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, ки ба истеҳсоли дастгоҳҳои тиббӣ машғул мебошанд, дастрас гардида, дар он насб шудааст. Бинои мазкур дар заминаи ҷойи бекори муассиса бунёд карда шуда, бинои асосии он низ аз таъмири копиталӣ бароварда шудааст. Дар таваллудхона барои мизоҷон ва муроҷиаткунандагон шароити зарурӣ фапроҳам гардидааст.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо иштироки масъулин дар кӯчаи Ҳусейнзода 33-и ноҳияи Шоҳмансур Муссисаи давлатии илмии «Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мавриди истифода қарор гирифт. Марказ дар ҳудуди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дошта, дар он баҳри рушд ва пешбурди соҳаи илму инноватсия тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ба хотири дастрасии кормандон ба навоварӣ марказ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин гардидааст. Дар ошёнаи дуюми ин марказ маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият менамоянд, ки шавқмандон метаовнанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ба омӯхтани забонҳо машғул гарданд. Ҳамзамон ба хотири сайқали донишу малакаи кормандон дар ошёнаи сеюми бино китобхона низ ҷойгир карда шудааст. Тамоми утоқҳои марказ бо компютерҳои наву замонавӣ ва хати интернети баландсуръат таъмин мебошад. Бо фароҳам омадани чунин шароитиу имконот танҳо зарур аст, ки кормандон фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда дар самти технологияву инноватсия ба дастовардҳои чашмрас ноил гарданд.
Симои шаҳри Душанбе давоми солҳои охир бо бунёд ва қомат афрохтани биноҳои наву замонавӣ зеботар гардида, шаҳри Душанберо ба шаҳри муосиру замонавӣ табдил додааст. Бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Садриддин Айнӣ бинои хуштарҳу замонавии баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ ёфт. Бинои мазкур аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бахт-З» соҳикбори ватандӯст Зафар Маликов дар муддати камтар аз 2 сол бунёд гардида, дар он барои иқомат беҳтарин шароит фароҳам гардидааст. Дар саҳни бинои истиқоматӣ баҳри истироҳату фароғат майдончаи бозии қудакон ва майдончаи варзишӣ бунёд шудааст. Намуди зоҳирии бино, ки бо истифода аз санъати баланди меъмориву нақшнигорӣ оро дода шудааст, ба симои шаҳри Душанбе ва ин гӯшаи пойтахт зебогии дучандро зам намудааст.
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз 1 то 4 ҳуҷраро дар бар мегирад. Ҳуҷраҳои ин бинои истиқоматӣ бо беҳтарин шароит таъмир гардида, хонаҳо бо ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шудааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо вусъати баланд идома дорад. То ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёду ифтитоҳи иншооти наву замонавии соҳавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе айни замон корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи Аҳмади Дониш то хиёбони Рӯдакӣ бо вусъат идома дорад.
Ҳамзамон бо ин дар доираи бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар қчаи Садриддин Айнӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми ин бинои хуштарҳ марказҳои савдою хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тамоми биноҳои истиқоматие, ки дар ҳудуди кӯчаи Сайдриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи Аҳмади Дониш то хиёбони Рӯдакӣ бунёд карда мешаванд, дар ошёнаҳои аввали он марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд. Аз ҷониби ин ширкати сохтмони ҶДММ «Бахт-З» дар кӯчаи Айнӣ бунёди иншооти дигари ҷашнӣ низ бо маром идома дорад.
Дар доираи тадбирҳои созандигиву бунёдкории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногунтаъинот идома дорад.
Маҳаллаи Гулбутта яке аз қисматҳои асосии ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, ки он мутобиқ ба татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе вориди ин ноҳия гардида, дар заминаи нақшачорабиниҳои 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала бар марҳала ободу зебо гардида истодааст. Дар ин замина бо саҳмгирии соҳибкорон ин навбат дар маҳаллаи Гулбутта бо масоҳати 9000 метри мураббаъ дар 4 гузаргоҳ корҳои мумфаркунии роҳҳо анҷом дода шуд. Мавриди зикр аст, ки бо таъмиру навсозии роҳҳои дохили маҳалла шароити созгор барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ фароҳам оварда мешавад. Дар идома низ сокинони маҳалла тасмим доранд, ки бо пайгирии иқдомҳои азими созанда, ки дар шаҳр бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷараён дорад. Тадбирҳои дигари созандагиро низ амалӣ менамоянд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ аз ин тадбири созандагӣ дидан намуда, барои идомаи ин раванд ба сокинону масъулин тавсия доданд.
Бинои истиқоматӣ бо ҷойгиронии маркази савдо кӯчаи Яккачинори н. Фирдавсӣ иншооти дигари ҷашнӣ буд, ки ба ин муносибат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масоҳати зисти иншоот 5000 метри мураббаъ буда, он аз 88 ҳуҷра иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо дар масоҳати 600 метри мураббаъ ташкил шудааст. Иншоотии мазкур дар заминаи иқдомоти созандаву бунёдкорона аз ҷониби ҶДММ «Хайрсохтмон» сохта шудааст. Дар маркази савдо шароити созгори хизматрасонӣ фароҳам шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 30 сорлагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагони Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин гурӯҳи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз н. Фирдавсӣ маркази савдои “Висол” ба истифода супорида шуд. Бо таъсиси ин маркази савдо аз ҷониби соҳибкор Азизов Орзу 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Масъулин зимни боздид аз иншоот ба соҳибмулкон тавсия доданд, ки сатҳу сифати хизматрасониро дар сатҳи баланд роҳандозӣ намоянд. Бо ташкили чунин марказҳои савдою хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт дастрас намудани молу маҳсулот беҳтар мегардад. Масъулин зимнан аз фаъолияти нуқтаҳои савдои ҳамшафати ин иншоот низ дидан намуда, фаъолияти онҳоро ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат назаррас арзёбӣ карданд.
Ошхонаи Абдуллоҳ дар кӯчаи Фирдавсӣ аз иншооти дигари ба истифодадодшуда дар ноҳия буд. Масоҳати ин маркази хизматрасонӣ 350 метри мураббаъ буда, дорои 180 ҷойи нишаст мебошад. Дар заминаи фаъолияти ошхонаи мазкур 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Муассиси ин ошхона соҳибкор Неъматулло Шарипов мебошад. Тавре зимни муаррифи иқтидори ин марказ гуфта шуд дар ошхона шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам шудааст. Масъулин нақша доранд, ки барои сокинону меҳмонони пойтахт бо роҳандозии усулҳои муосир хизматрасонӣ намоянд. Бо таъсиси ин ошхона ва таъмири намои берунаи ин гӯшаи ноҳия низ зебовау назарабо гардидааст.
Ба истиқболи ҷашни 30 сорлагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ ҳамзамон дар ҳуудуд кӯчаи Яккачинори ноҳия ошхонаи Музаммил ба истифода дода шуд.
Масоҳати хизматрасонии иншоот 300 метри мураббаъ буда, он имкони қабули 132 нафарро дар як вақт дорад. Ошхона аз ҷониби соҳибкор Ҳамдамов Одилхон сохта шудааст. Намояндагони сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини хизматрасонии баландсифат ба масъулини он дастур доданд.
Дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва додани имтиёзҳои фаррох барои рушди соҳибкории хурду миёна имрӯзҳо дар кишвар соҳибкоронро рӯҳбаланд намуда, дар бунёди ҳама намуди коргоҳу корхона ва муассисаи хизматрасонӣ дар шаҳру деҳот саҳми хешро мегузоранд. Бунёди иншооти болозикр низ дар ин замина роҳандозӣ шудааст.