МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ КИШВАР

02 Июли 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 02.07.2021. Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври чоруми (ҷумҳуриявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои  11) баргузор гардид.

Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ва халқи азизи Тоҷикистон иброз намуданд, ки “Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд ва ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.”

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои маорифи шаҳр иштирок  намуданд.

Барои ноил гардидан аз рӯи миқдори зиёди ҷойҳои ифтихории ба даст оварда дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон ва  ишғоли ҷойи якум байни вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷом ва сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт қадрдонӣ гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки дастаи олимпии шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 663 ҷойҳои ифтихорӣ (144 ҷойи якум, 230 ҷойи дуюм, 289 ҷойи сеюм) дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал гардид.

Дар маросим аз рӯи номинатсияи беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии Президентӣ, гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, 56, 55, 51, 48, 42, 21 дар миқёси ҷумҳурӣ ба даҳгонаи беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таълимӣ шомил гардиданд.

Инчунин, барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳаракати олимпӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ масъулини сохторҳои маорифи шаҳри Душанбе ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо сипоснома ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” чораҳои муассирро роҳандозӣ намудааст.

 

 

Илова кунед