ИДОМАИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
08 Июли 2021, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 08.07.2021. Имрӯз дар Бозори «Меҳргон» тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, баъзе аз роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи ноҳияи И. Сомонӣ мулоқоти васеи ҳайати Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода суханронӣ намуда, зикр карданд, ки вақтҳои охир баъзе аз сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе нисбат ба саломатии худ ва атрофиён беэътиноӣ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ тамоман истифода намебаранд, ки чунин муносибат дар ниҳоят ба хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавируси COVID-19 оварда мерасонад.
Зимни фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ва масълину фурӯшандагон аз ниқоб истифода намекунанд.
Маҳз ин матлаб дар ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе, дар бозори «Меҳргон» миёни кормандону хизматчиён, фурӯшандаю масъулин ба таври муфассал баррасӣ ва матраҳ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъкидҳои табибону мутахассисон шаҳрвандон дар бархе маврид бениқоб гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд.
Зикр гардид, ки мавҷи навбатии сирояти COVID-19 чандин кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, ин раванд ҳанӯз ҳам пайваста идома дорад. Мутахассисон изҳор медоранд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ - риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву масофаи иҷтимоӣ, беэътиноӣ нисбат ба саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқоб мебошад.
Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш ва талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти COVID-19 тибқи дастур ва тавсияи табибон пайваста амал намоянд.