Тоҷикӣ

ФАЪОЛИЯТИ ГУСТУРДАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID-19 ДАР ПОЙТАХТ

09 Июли 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 09.07.2021. Дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб пурзӯр карда шудааст.
Дар чорабинии мазкур аз бобати хуруҷи вируси хатарафзои навбатии ин беморӣ, сарҷамъ будани аҳолӣ, оҷилан аз ваксинатсия гузаронидани сокинони шаҳр, риояи қатъӣ намудан ба қоидаҳои санитарӣ - беҳдоштӣ, ба ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб дидан ва ғайра масоили мубрами рӯз андешаҳо иброз дошта шуданд.
Тавре иттилоъ дорем, Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ниҳоят ҷоннок намудааст. Дар ҳамин росто тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 9-уми июли соли 2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе таҳти садорати бевоситаи муовини Раиси шаҳри Душанбе - Муинӣ Мавсума Муинзода, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, намояндагону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарону масъулини тамоми сохторҳои марбутаи ноҳияи И. Сомонӣ ва дигар навоҳии пойтахт мулоқоти васеи ҳайати Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии «COVID-19», дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Нахуст, дар мулоқот Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки зимни фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ва масълину фурӯшандагон аз ниқобҳо ба куллӣ истифода намекунанд. Инчунин, Мавсума Муинзода роҷеъ ба навъи ҷадиди бемории сироятии коронавирус, бепарвоии иддае аз сокинони шаҳр, муборизаи дастаҷамъона нисбати ин беморӣ, ҷоннок кардани кори гурӯҳҳои таблиғотӣ, сари вақт пешгирӣ кардани ин бемории хатарнок, нисбат ба саломатии худ ва атрофиён беэътиноӣ зоҳир накардан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ, фосилаи иҷтимоӣ ба пуррагӣ истифода намудан ва бисёр омилҳои хатарафзою марговари маризии сироятии «COVID-19» муфассал ва бо асноду арқому далелҳои боэътимод андешаронӣ намуданд.
Бояд иқрор шуд, ки вақтҳои охир аксари сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, ки чунин муносибат дар ниҳоят ба хуруҷи мавҷи бемории сироятии коронавируси «COVID-19», оварда мерасонад, ба қоидаҳои беҳдоштӣ - эпидемиологӣ билкулл риоя наменамоянд, аз оқибатҳои марговари ин беморӣ заррае намеандешанд.
Ин буд, ки дар мулоқоти рӯбарӯ иштирокдорон ва масъулин ҷиддан таъкид ба амал оварданд, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб пурзӯр карда шудааст. Вале новобаста аз таъкидҳои табибону мутахассисон баъзе аз шаҳрвандонон дар баъзе маврид бениқоб гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Ин камбудию норасоиҳо дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе дар байни хизматчиён, кормандону масъулини боғ ва мардуми атрофи он ба таври хеле муфассал баррасӣ карда шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки мавҷи навбатии бемории сирояти «COVID-19» чандин кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, ин раванд ҳанӯз ҳам пайваста идома дорад. Мутахассисон изҳор медоранд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ - риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву эпидемиологӣ, масофаи иҷтимоӣ, беэътиноӣ нисбат ба саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқоб мебошад.
Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш ва талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти «COVID-19» танҳо тибқи дастур ва тавсияҳои табибони соҳа амал намоянд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед