ИДОМАИ ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 16.07.2021. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Беҳзод 14-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кӯдакистони хусусии «Кидс Академӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Кӯдакистони зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Холмурод Розиқов бунёд гардида, дар он тамоми шароити таълиму тарбия муҳайё гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок намуданд. Зимни муаррифӣ изҳор гашт, ки кӯдакистон аз се гурӯҳи синну солашон гуногун иборат буда, тамоми шароити зарурӣ дар он фароҳам гардидааст. Тарве, ки масъулин иттилоъ доданд, дар кӯдакистон таълиму тарбия бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон дар доираи машғулиятҳои таълимӣ ҳамзамон ба сайру сайёҳат бароварда мешаванд, ки онҳо аз маконҳои зебои шаҳри Душанбе, осорхонаву китобхона ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва боғи ҳайвонот дидан хоҳанд кард. Ин усули таълиму тарбия аллакай дар кӯдакистонҳои хориҷи кишвар амалӣ гардида, дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда мешавад. Дар Кӯдакистон ҳамзамон толори мусиқӣ, толори тасвир ва ошхона барои зиёда аз 70 нафар ҷой дорад. Кӯдакистон дар асоси талаботи имрӯзаи сохтмонӣ ва мутобиқ ба таълиму тарбияи кӯдакон дар муҳити мусоид бунёд гардидааст. Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтаанд. Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад. Маврид ба зикр аст, ки боғча аз ҷониби соҳибкори ватандӯст дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия таъмин карда шудааст. Инчунин намунаи хонаҳои истиқоматӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавии кӯчаи Мирзо Турсунзода ба намояндагон пешниҳод гардид. Ҳамзамон дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кӯчаи Бухоро 2 бинои баландошёнаи истиқоматии бисёрҳуҷрадор мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт. Ин бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Мосдорзнак» сохта шуда, дар ошёнаи якуми он марказҳои гуногуни хизматрасонӣ аз ҷумла маркази дӯзандагӣ ҷойгир мебошад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастур доданд, ки ҷойҳои кории дузандагиро баҳри занону бонувон зиёд намоянд. Ҳамзамон дар ин бино филиали ташкилоти ҷамъиятии ТаҷРапт фаъолият менамояд. Дар ин марказ хонандагон ба сайқали илму дониш машғул мебошанд. Дар ин марказ хонандагони муассисаҳои таҳислоти миёнаи умумӣ дар давраи таътил ба омӯхтани донишҳои замонавӣ машғул хоҳанд гашт. Марказ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, мақсади фаъолияти он омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар мебошад. Дар хиёбони Рӯдакӣ 156 низ биноҳои баландошёнаи истиқоматии бисёрҳуҷрадор, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳансоз» бунёд гардидааст, ифтитоҳ шуд. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ дар муҳлати камтар аз 2 сол сохта, мавриди ифстифодаи сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифт. Хонаҳо дар ин бинои зебо аз 1 о 4 ҳуҷраро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар асоси талаботи замони муосир ва қоидаҳои сохтмонӣ қомат афрохтааст. Бояд гуфт, ки айни замон дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар 450 бинову иншоот бомаром идома доранд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар мамлакат ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб кардааст. Дар доираи табдирҳои созандагии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои охир шаҳри Душанбе симои худро ба куллӣ дигаргун сохтааст. Дар ин замина шахсони алоҳида ва соҳибкорони ватандӯст низ дар корҳои созандагӣ саҳмгузор мебошанд. Дар ин баробар бинои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои зиёда аз 50 адад воситаи нақлиёт иборат мебошад. Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи воқеии бунёдкорӣ бо маром идома дошта, шаҳру деҳоти мамлакат ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон барои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегирад. То моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ бунёди зиёда аз 22 ҳазор биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва роҳҳо ба нақша гирифта шудаанд.