ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОД ОИД БА САҚҚОБОЗӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 Июли 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 16.07.2021. Имрӯз ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба саққобозӣ байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, дастаҳои Вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" оғоз гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуда, доир ба иқдомҳои наҷибу варзишдӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши саққобозӣ ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед