Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №426 АЗ 22.07.2021

22 Июли 2021, Панҷшанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли об дар канали дереватсионии «Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Варзоб (НБО-№2 ва НБО-№3)»

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳои «Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу  корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 дар асоси мактуби Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» №202, аз 23 июни соли 2021, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,    

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли об дар канали дереватсионии «Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  2. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади иҷрои корҳои банақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокиро ба истеъмолкунандагон аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ» ва «Худҷореъ» 23 июли соли 2021, аз соати 01:00 то соати 24:00 тибқи рӯйхати замимагардидаи 3 қатъ намояд.
  3. Раисони ноҳияҳо, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳоро тибқи замимаи 3 бо назардошти риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода А.Ф. гузошта шавад.

     РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ 

Илова кунед