ЭЪЛОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

26 Июли 2021, Душанбе

  ЭЪЛОН: Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729, санаҳои 27-28 июли соли 2021 соатҳои 09:00-14:00 дар толорҳои ноҳияҳо, нишасти матбуотии ноҳияҳои шаҳри Душанбе тариқи зайл баргузор мегарданд:

  1. Ноҳияи Шоҳмансур 27.07.2021, соати 09:00
  2. Ноҳияи Сино 27.07.2021, соати 14:00
  3. Ноҳияи И. Сомонӣ 28.07.2021, соати 09:00
  4. Ноҳияи Фирдавсӣ 28.07.2021, соати 14:00

   Ташрифи намояндагони васоити ахбори оммаро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд, интизорем.

   Телефон барои маълумот:     221-45-14

Илова кунед