НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27 Июли 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 27.07.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз раиси ноҳия Билол Иброҳим оид ба дастоварду муваффақиятҳо ва норасоиву камбудиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, хосса, хизматрасониҳои коммуналӣ муфассал иттилоъ дода, зикр карданд, ки корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо дарназардошти сохтори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 205 миллиону 91 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин дар муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта (146 миллиону 997 ҳазор сомонӣ) ба маблағи 58 миллиону 94 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 135,3 дар сади нишондиҳандаи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиону 41 ҳазор тонна борҳои хоҷагии халқро кашониданд (ин ҳисоб соли гузашта 2 миллиону 36 ҳазор тоннаро ташкил медод), ки он аз порсола 1 миллиону 43 ҳазор тонна зиёд буда, 140, 3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ тамоми суолҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти хоҷагии халқи ноҳия, бахусус, хурўҷи мавҷи дуввуми маризии сироятии коронавирус, иҷрои нақшаҳои истеҳсолии давлатӣ, ба истифода супурдани иншооти ҷашнӣ, вазъи имрўзаи пардохти маблағҳои коммуналӣ, ташкили ярмаркаҳои фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, реҷаи кори марказҳои савдо, таъмини идораҳои марбутаи ноҳия бо техникаҳои мухталифи коммуналӣ, ташкили шабҳои базму суруд дар Боғи фароғатию истироҳатии «Куруши Кабир», авзои ҷинояткорӣ, ҳолати мактабу маорифи ноҳия, ҳаёти маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон ва ғайра сурат гирифтанд.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим аз бобати иҷрои корҳои зиёди созандагиву бунёдкории ба нақша гирифташуда, муфассал андешаронӣ намуд.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед