НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ СИНО

27 Июли 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 27.07.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хусрав Дамонзода оид ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи ноҳияи Сино дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал пешкаш намуд.
Хусрав Дамонзода - муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ зикр намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди бахши иқтисодию иҷтимоии ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида, аксари нишондиҳандаҳои асосии бахши иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар ин давра таъмин карда шуданд. Рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва тағйиротҳои зиёд, ки бо роҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат мегиранд, қабл аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, худшиносии миллӣ ва рушду тараққиёти муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, пойтахт ва ноҳияҳо нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, ноҳияи Сино, ки калонтарин ноҳияи пойтахт ва сераҳолитарин ноҳияи шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, дар тӯли 30 - соли истиқлолияту соҳибихтиёрӣ симои худро ба куллӣ дигар намуд, -ҳадафи асосии ҳамаи мо ободии мамлакат ва шукуфоии шаҳру навоҳии он мебошад. Бинобар ин моро лозим аст, ки ватандӯстии хешро нишон диҳем ва ҳамагон якҷоя кӯшиш намоем, то ин Ватанро ободу хурраму зебо гардонем, -хулоса намуд муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хусрав Дамонзода.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма аз хусуси хурӯҷи мавҷи навбатии маризии сироятии коронавирус «COVID - 19», ҳолати кунунии замину иншооти дигари таъиноти мухталиф доштаи аз манотиқи ҳамсоя (ноҳияи Рӯдакӣ) ба ноҳияи Сино воридшуда, коркарду барориши саривақтии партовҳо, фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои таблиғотӣ, таъмири ҳамаи 94 майдончаи варзишӣ аз ҷониби он ташкилоту муассисот ва кумитаю вазоратҳое, ки замоне ин иншоотҳои варзиширо бунёд намуда буданд, омилҳои асосии парокандашавии баъзе аз оилаҳои ҷавон ва бисёр масоили мубрами рӯз суолҳо намуда, пурсишҳо пешниҳод намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед