НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ - ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021: НИШАСТИ МАТБУОТӢ

29 Июли 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 29.07.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2021 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар ин давра ба 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,7 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,8 фоизро ташкил дод.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2021 сохтори МММ аз ҳисоби истеҳсоли молҳо 22,0 фоиз (моҳҳои январ - июни соли 2020-ум 21,3 фоиз), хизматрасонӣ 74,8 фоиз (75,5 фоиз) ва андозҳо 3,2 фоиз (3,2 фоиз) ташаккул ёфтааст.
Дар ин давра рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 119,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 142,8 фоиз, гардиши савдо 114,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 126,6 фоиз, боркашонӣ 102,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 125,8 фоиз таъмин гардидааст.
Соҳаи саноат. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 526 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,6 фоизро ташкил дод.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 27,1 миллион сомонӣ ё 84,5 фоиз, саноати коркард 833,2 миллион сомонӣ ё 133,1 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 622,4 миллион сомонӣ ё 120,7 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 32,2 миллион сомонӣ ё 111,0 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2021 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 113,5 фоиз, Шоҳмансур – 135,3 фоиз, Фирдавсӣ – 115,7 фоиз ва Сино – 121,9 фоизро ташкил додааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 6,5 фоиз, истеҳсолоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли чарму пойафзол 22,2 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 16,7 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ 3,2 маротиба, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 1,9 маротиба, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 7,8 маротиба ва дигар истеҳсолот афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми маҳсулот дар анбори корхонаҳо бо инобати захираи маҳсулот аз соли қаблӣ ба маблағи 1407,4 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин давра 1254,0 миллион сомонӣ ё 89,1 фоизи он ба фурӯш бароварда шудааст.
Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,4 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 109,3 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 4,8 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли он 11,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар шаҳр 8 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 69 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд.
Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2021 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1022,7 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 1,7 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,4 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 717,7 миллион Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 - 2022» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 200 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин шумора бо дарназардошти биноҳои пайвастгардидаи солҳои пешин ба 2762 адад баробар мегардад.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби муассиса дар 13 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, бахусус дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 1 иншоот, маориф 1 иншоот, фарҳанг 2 иншоот ва дигар соҳаҳо 8 иншоот, инчунин дар 22 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи коммуналӣ 7 иншоот, фарҳанг 2 иншоот, маориф 9 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 4 иншоот) дар ҳаҷми 307,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.
Дар ин давра дар 8 иншоот корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар 10 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13900 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар яке аз иншоотҳои муҳими ҷашнӣ, яъне «Майдони истиқлол» корҳо дар самти бартараф кардани 294 иншоот ба итмом расида, корҳои бунёдии манора дар ҳаҷми 60% ва корҳои ободонӣ дар ҳаҷми 80% иҷро гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе иборат аз 4201 номгӯи чорабиниҳои гуногун ба тасвиб расида, ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе 3924 он карда шуд, ки ин 93,4 фоизи иҷроиши нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар ин давра бунёди 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7284 ҷой, 9 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1480 ҷой, 6 адад маркази ташхисию табобатӣ, 39 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 152 адад бинои баландошёна бо ҷойгиронии 117 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 13 адад биноҳои мақомотҳои дахлдори давлатӣ, 61 адад майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона, 7 адад гулгашт, 4 адад толори варзишӣ, 4 адад ҳаммом, 5 адад сардхона ва анборхона, таъмири 105 адад хобгоҳҳо, таъмиру азнавсозии роҳҳо бо дарозии 140,2 км (478575 м2), таъмир ва рангубори обравҳо, сангканораҳо, қуттиҳои партовҷамъкунӣ, иваз намудани истгоҳҳои трансформаторӣ, симчубҳо, симҳои луч, шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ, майсазоргардонӣ, рангубори 2140 адад биноҳо, азнавсозии 507 адад нуқтаҳои партовпартоӣ ва як қатор корҳои дигар амалӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 7 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 13,9 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр, дар 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 1,5 километр ва дар 48 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 84,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 79,4 миллион сомонӣ баробар гардид.
Ҳамзамон, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км, хиёбони Сино бо дарозии 0,5 км ва кӯчаи академик А. Адҳамов бо дарозии 1,12 км амалӣ гардида истодааст.
Инчунин, дар ин давра сохтмони селпартои Чоряккарон аз назди Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ то маҳаллаи Қазоқон ба масофаи 1,52 километр ва бунёди 21 адад истгоҳҳои замонавӣ дар хиёбони Ҳ. Шерозӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар баробари ин, дар ин давра азнавсозии хиёбони
Ҳ. Шерозӣ бо дарозии 2,32 км ва сохтмони 2 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ дар кӯчаи Р. Набиев ба истифода дода шуд.
Инчунин, таъмири асосии 3,0 км роҳи маҳаллаи Ободокорон тариқи эҳсонкорӣ ба нақша гирифта шуда, то инҷониб дар 2,0 км роҳҳо корҳо ба анҷом расидааст.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 4,2 км бо маром идома доранд.
Нақлиёт. Дар моҳҳои январ – июни соли 2021 бо ҳама намудҳои нақлиёт 5,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 4,8 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 92,7 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 167,9 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 фоиз зиёд мебошад.
Бо нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ) дар ин давра 158,1 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст.
Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 78 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 23 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 47 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 5821 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 672 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 3592 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 340 адад автобус, 75 адад троллейбус, 1100 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2160 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.
Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ 3592 адад нақлиётҳои ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Белорусия 100 адад троллейбусҳои муосир (беноқили то 15 км ҳаракаткунанда) ва дар соли 2020 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, ба тавозуни корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳри Душанбе супорида шуд.
Ҳамзамон, тибқи шартномаи ба имзорасонидашуда дар соли ҷорӣ харидории 10 адад автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 3 адад автобуси дуошёна дар ширкати мазкур банду баст гардида, мавриди истифодабарии сокинону меҳмонони пойтахт қарор дода шуданд.
Дар хатсайрҳо тариқи пилотӣ микроавтобусҳои тамғаи «Karsan», «Iveco», «Jac» бо инобати пардохти маблағи ғайринақдӣ ба фаъолият оғоз намуда, бо инобати қонеъ гардонидани талаботи мусофирон дар оянда банду баст ва истеҳсоли онҳо дар заминаи корхонаи муштарак ба роҳ монда мешавад.
Дар доираи татбиқи Созишномаи «Мукаммалгардонии сатҳи техникии муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе», ки байни мақомот ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба имзо расидааст, дар соли ҷорӣ 150 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар (автобус) ба нақша гирифта шудааст, ки ин ба таҳкими заминаи моддии техникии корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе равона гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва амалӣ гардида истодааст.
Дар ин давра, дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.
Қобили зикр аст, ки ғайр аз ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) бо сабт намудани барномаи махсус мавриди истифодабарӣ пешкаш гардидааст, ки тибқи мушоҳидаи низоми электронӣ шумораи онҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
Аз оғози татбиқи низоми мазкур то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур зиёда аз 620,0 ҳазор адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин давра бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба истифодабарандагони кортҳои имтиёзнок, бахусус (автобус ва троллейбус), тарофаҳои нави нимсола ва солона бо категорияҳои «хонанда», «донишҷӯ» ва «шаҳрванд» пешниҳод гардидааст.
Гардиши савдо. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 1553,3 миллион сомонӣ ё 130,4 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 3627,6 миллион сомонӣ ё 109,3 фоиз мусоидат намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 3,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 26,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ ба 902,1 миллион сомонӣ ва бахши ғайридавлатӣ ба 2670,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 122,1 фоиз ва 128,2 фоизро ташкил медиҳад.
Сатҳи таваррум. Дар моҳи июни соли 2021 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2020) дар сатҳи 3,1 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Ба болоравии сатҳи таваррум дар ин давра зиёд гардидани нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 3,3 фоиз ва молҳои озуқаворӣ 4,6 фоиз таъсир расонидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ нархи молҳои хизматрасонӣ ба андозаи 0,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Зиёд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби баланд шудани нархҳои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ - 111,9 фоиз, шакар - 102,3 фоиз, равғани маска - 103,4 фоиз, равғани пахта - 106,4 фоиз ва сабзавот - 117,2 фоиз ба амал омадааст.
Буҷет. Дар нимсолаи аввали соли 2021 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1620,3 миллион сомонӣ ё 102,4 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 37,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1140,4 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 37,0 миллион сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 96,5 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1081,1 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 774,8 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 5,9 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.
Гардиши ҳуҷҷатҳо. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомот 10407 мактуб, аз ҷумла аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 адад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 467 адад, вазорату идораҳо 656 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 248 адад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 8266 адад, хориҷи кишвар 153 адад, бонкҳо 30 адад, барқияҳо 167 адад ва тавассути суроғаи электронии мақомот 169 адад ворид гардид.
Вобаста ба моҳияти мактубҳои воридшуда аз ҷониби мақомот ба 2150 мактуб ҷавоби расмӣ ирсол гардида, 7627 мактуб барои маълумот ва 630 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 396 адад қарор ва 125 адад амр ба имзо расидааст, ки иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Муроҷиати шаҳрвандон. Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 2951 адад муроҷиат ворид гардид.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 2350 ададро муроҷиати хаттӣ, 63 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе ва 538 муроҷиат аз дигар мақомотҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 490 ададро муроҷиати шифоҳӣ тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шуданд.
Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои хаттии воридгардида аз тарафи сохторҳои дахлдори мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ 2936 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин 99,4 фоизи муроҷиатҳои воридгардидаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 1349 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули муроҷиатҳо тавассути суроғаи электронии «dushanbe80@yahoo.com» ва шабакаҳои иҷтимоии «Viber», «Whatsapp» ва «IMO»-и мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра 163 адад аксу наворҳо қабул ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шудааст.
Вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 44288 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 7489 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоиз) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 36546 нафар (106,2 фоиз), аз ҷумла бо патент 25050 нафар (105,8 фоиз) ва бо шаҳодатнома 10810 нафарро (107,3 фоиз) ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ – марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 61,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар ин давра, дар ҳудуди пойтахт 43 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 15 корхона ба маблағи умумии 10,3 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 18 корхона ба маблағи умумии 51,4 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 100,0 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 24,7 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Дар ин давра, лоиҳаи «Гармитаъминдиҳӣ дар шаҳри Душанбе» бо маблағгузории умумӣ дар ҳаҷми 11,1 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 5,0 миллион доллари ИМА грант, 5,0 миллион доллари ИМА қарз ва 1,1 миллион доллари ИМА кумаки техникӣ фаъолиятро оғоз намуд.
Вазъи бозори истеъмолӣ. Дар нимсолаи аввали соли 2021 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Дра ин давра дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 январи соли 2021, №24 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2021» корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ беш аз 777,1 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ. Дар давраи ҳисоботӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 68,9 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Талафоти оби нӯшокӣ ба 29,9 миллион метри мукааб баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 миллион метри мукааб кам мебошад.
Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 50,2 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 50,6 миллион сомонӣ ё 107,7 фоизро ташкил намудааст.
Бо мақсади беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт Лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 45,8 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ – васлгарии хатти корезӣ оғоз гардидааст.
Тибқи лоиҳаи мазкур аз аввали татбиқ то инҷониб дар ҳаҷми зиёда аз 4,0 миллион доллари ИМА маблағҳо аз худ карда шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи сектори обтаъминкунӣ ва корезӣ (канализация) дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) аз ҷониби мақомот бо Бонки ҷаҳонӣ гуфтушунидҳо баргузор гардида, барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонки мазкур дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи грантӣ (саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – 2,0 миллион доллари ИМА) дастгирӣ ёфта, айни ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст, ки азхудкунии маблағҳо 826,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он сари вақт қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 170,5 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо қабул ва тахту ҳамвор намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияти рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар ҳудуди пойтахт, бо қувваи техникаю механизм ва коргарон қисматҳои озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо ба масоҳати 14,2 ҳазор метри мукааб тоза карда шуд.
Ободонӣ. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 226,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 14,2 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 254,4 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии пойтахт дар ин давра 24 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки 672,9 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби 1638 адад техникаҳои махсуси партовкашонӣ ба миқдори 3,4 ҳазор тонна партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол карда шуд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 5465 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.
Ҳамзамон, баҳри таъмин намудани кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо ба миқдори 3,5 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шудааст, ки айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд.
Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ. Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 июни соли 2021 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 10546 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4342 нафар шаҳрвандони бекор (2385 нафар занон) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Қобили тазаккур аст, ки аз ҳисоби ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 550 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 1497 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд. Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифта-шудагон 1218 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамзамон, 23 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки тавассути он 380 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра ба 78 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи умумии 289,9 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири пойтахт ба оилаҳои камбизоат дафнпулӣ ба маблағи 93,8 ҳазор сомонӣ, ба кӯдакони то синни 16 сола, ки гирифтори бемории ВНМО мебошанд, ба маблағи 440,1 ҳазор сомонӣ ва бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба оилаҳои камбизоату ниёзмандон дар арафаи идҳо ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси шаҳрдорӣ ба оилаҳои дар асари офатҳои табии зарардидаи минтақаҳои шаҳри Кӯлоб ба маблағи умумии зиёда аз 2,0 миллион сомонӣ, беш аз 300,0 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 170,0 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва 1200 дона ҷиҳози рахти хоб кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ шумораи нафақахӯрон ба 59537 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1772 ё ин, ки 3,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз шумораи умумии нафақахӯрон 45855 нафарро нафақахӯрони меҳнатӣ ва 13682 нафарро нафақахӯрони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.
Дар ин давра дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар назди нафақахӯрон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Кор бо ҷомеа. Мулоќотњои роњбарияти шањр бо маќсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тањким бахшидани робита бо ањли љомеа, њифзу тарѓиби дастовардњо ва арзишњои 30 соли Истиќлолияти давлатї, вањдату њамдилї, сулњу амният, баланд бардоштани њувияти миллию маънавї ва њамбастагї ба сиёсати созандагї, масъулиятшиносї дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалњои исрофкорї, танзими анъана ва љашну маросимњо, тарѓиби њадафњои ободониву сабзгардонї, арзишњои миллию маънавї, одобу ахлоќи њамида, фарњанги шањрнишинї, њифзи солимии инсон, мусоидат ба иштироки шањрвандон дар корњои созандагї, мањкум намудани зуњуроти номатлуби ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, истифодаи оќилонаву сарфакоронаи оби нӯшокї, неруи барќ ва ғайра ба роњ монда шуда, то 30 июни соли равон 136 маротиба бо фарогирии 26 500 нафар сокинону истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор карда шуданд.
Бо мақсади сазовор таљлил намудани иду љашнњои миллї нақшаи чорабиниҳо тањия ва тасдиқ гардида, бањри иљрои сариваќтии онњо аз ҷумла, ҷашни Сада, Рўзи Артиши миллї, Рўзи модар, Иди байналмилалии Наврўз, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорањои муњиму сариваќтї амалї карда шуд.
Соҳаи маориф. Дар шаҳри Душанбе 141 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 93 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 37 муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.
Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 28063 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 23116 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 2192 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 2453 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1630 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.
Дар шаҳри Душанбе 182 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 163 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус), 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 158 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 24 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 253205 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11080 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2217 нафар зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили 2020 – 2021 сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе 42,7 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 97,1 фоизро ташкил намуд.
Муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд.
Дар ин давра 1122 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ва Олимпиадаҳои байналмиллалӣ ширкат варзида, 719 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи Филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе 52 маротиба курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ - тарбиявӣ бо фарогирии 1128 нафар ташкил ва баргузор карда шуд.
Соҳаи тандурустӣ. Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ бо 2749 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак бо 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кӯдакони бепарастори то синни 4 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 909 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 44,5 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 15,0 ҳазор нафар ё 34 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 7,6 рӯзро ташкил дода, баҳри муолиҷаи онҳо дар сатҳи муносиб тамоми чораҳои судбахш роҳандозӣ карда мешавад.
Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3535 нафар табибон ва 6100 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 982 нафар, аз ҷумла 322 нафар табибон ва 686 кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин замина 264 нафар табибон ва 291 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
Дараҷанокии касбии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ 93,4 фоиз ва кормандони миёнаи тиб бошад, 92,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе 268,0 ҳазор нафар занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 110,5 ҳазор нафарашон бо маводҳои контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд.
Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 353 ҳазору 760 нафар ё 47,4% аҳолии шаҳр аз ваксинатсия гузаштанд.
Бо назардошти паҳншавии ин бемории сироятӣ, ки боиси авҷ гирифтани дигар бемориҳо, аз қабили қанд, қалб, шуш ва ғайра гардидааст, аз ҷониби масъулини соҳа 76 баромадҳои телевизионӣ, 37 баромадҳои радиоӣ, 30 мақола, 95 семинар ва зиёда аз 10,0 ҳазор суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолии пойтахт роҳандозӣ карда шуд.
Соҳаи фарҳанг. Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 11 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 528 нафар корманд фаъолият доранд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 974 нафар муҳассилин бо омӯхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.
Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар ин давра бо китобу маҷаллаҳои тозанашр мукаммал гардонида шуданд.
Шумораи хонандагон дар ин давра дар китобхонаҳои болозикр ба 50672 нафар расидааст, ки ба онҳо 78440 нусха китоб пешниҳод гардидааст.
Зан ва оила. Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 419,1 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра 2385 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 1215 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ,адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 3567 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1368 ҳолат зиёд мебошад.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба 1179 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 248 адад зиёд мебошад.
Ҷавонон ва варзиш. Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ 783 чорабинӣ бо фарогирии 202,7 ҳазор нафар, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 466 чорабинӣ бо фарогирии 228,5 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 1249 чорабинӣ бо фарогирии 431,2 ҳазор нафар гузаронида шуд.
Дар шаҳри Душанбе 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онҳо 190 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 4760 нафар варзишгарон дар 318 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.
Дар ин давра дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони федератсияҳои варзишии шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 3618 адад медалҳо (тилло - 1294 адад, нуқра - 1134 адад ва биринҷӣ - 1190 адад) гардиданд.
Сайёҳӣ. Дар ин давра бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва миллии тоҷикон ба сайёҳон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сеюмин Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ» бо иштироки меҳмонон аз хориҷӣ кишвар баргузор карда шуд, ки дар он намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, оинҳо ва таомҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ ва либосҳои миллӣ, инчунин имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳои гуногун дар 37 мавзеи пойтахт, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, инчунин 900 иншооти варзишии таъиноташ гуногун ҷойгир буда, ҳамарӯза талаботи меҳмонони дохиливу хориҷиро қонеъ гардонида истодаанд.
Танзими анъана ва ҷашну маросим. Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 141 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 31 масҷиди ҷомеъ, 110 масҷиди панҷвақта, инчунин 29 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият менамоянд.
Тавассути комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бобати камхарҷ ва беисрофкорӣ доир намудани маъракаю маросимҳо, пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 168 суҳбату вохӯриҳо ва мулоқоти ҳайати васеи иштироккунандагон баргузор карда шуд.
Аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, зимни гузаронидани санҷишҳо 20 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуд.
Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт маҷмӯан 4113 ҷашну маросимҳо, бо харҷи 15,8 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Иттилоърасонї ба ањли љомеа. Дар ин давра сомонаи расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе www.dushanbe.tj таќвият дода шуда, дар њамкорї бо сохторњои дахлдори шањрї маълумотњои бахшњои мављуда таљдид карда шуданд. Инчунин беш аз 244 хабар, эълон, маводњои тањлилї ва ќарорњои Раиси шањри Душанбе дар сомона љойгир карда шуда, манзури истифодабарандагони шабакаи интернетї гардид.
Бояд тазаккур дод, ки барои инъикоси тамоми паҳлуҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хусус дастовардҳои пойтахт дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр, саҳифаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва Ютуб боз карда шуд.
Бо мақсади таъмини фазои иттилоотии пойтахт, баланд бардоштани маърифатнокии сокинон, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ ва инъикоси дастовардҳо тавассути “Телевизиони Душанбе” як қатор корҳо амалӣ карда шуда, беш аз 87 барномаву гузориш ва хабару маќолањо тањия ва ба воситаи шабакањои телевизиониву радиої, агентињои иттилоотї, нашрия ва њафтаномањои љумњуриявию шањрї ба таври васеъ инъикос гардиданд.
Дар ин давра рўзномаи - «Паёми Душанбе» 46 маротиба ба табъ расида, як зумра маќолаву матлабњо аз љумла, 48 ќарорњои Раиси шањри Душанбе, нишондодњои паёми Президенти Љумњурии Тољикистон–39, Истиқлолият–68, Ваҳдати миллӣ–63, хуррамгардонию нињолшинонї –18, «Шањри сабз» - 42, сайёњї - 29, Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» њамагї – 36, Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» - 39, хатари вабои аср - экстремизму терроризм ва гурўњњои иртиљої (реаксионї) - 23, роњ надодан ба фарњанги бегона - 31, мубориза алайњи нашъамандї - 8, муќовимат бо коррупсия – 17 ва оид ба гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – 58 ба нашр расиданд, ки дар умум 459 хабару гузориш ва маќоларо ташкил менамояд.
Фаъолияти рекламавї ва ороишии шањри Душанбе дар шашмоњаи якуми соли 2021 бо роњандозии ташаббусу иќдомњои муосир амалї шуда, симои кўчаву хиёбонњо ва фазои бадеии шањри Душанберо дилкашу назаррабо гардидааст.
Дар ин замина кўчаву хиёбонњо, майдонњо, боѓњои фарњангї ва маконњои сайёњату фароѓати сокинону мењмонон бо шиору овезањо ва конструксияњои замонавии ороишї - иллюминатсионї зиннат дода шуд.
Дар ин давра ба унвони Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” 184 номгӯи дархостҳо барои насби маводи рекламавӣ ва рекламадиҳандагон ворид гардидаст, ки онњо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тибқи тартиби муқарраргардида бо субъектҳои рекламадиҳанда шартномаҳои дахлдор баста шуд.
Шумораи дархостњои воридшуда нисбат ба њамин давраи соли гузашта 29 адад ё худ 34,5 % зиёд мебошад.
Дар шаш моњи соли 2021 аз њисоби пардохтњои њатмї ба буљет барои пањни рекламаи берунї 3502628 сомонї ворид гардидааст, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 767420 сомонї ё 28% зиёд мебошад.
Вазъи ҷинояткорӣ. Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар ҳудуди шаҳр ба 2395 адад баробар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 ҷиноят ё 8,2 фоиз кам мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед