ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

30 Июли 2021, Ҷумъа

ш. Душанбе. 30.07.2021. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо рушду пешравиҳо ба назар расида, шароити зиндагии сокинон беҳтар шудааст. Дар ин замина садҳо иншооти таъиноти гуногун бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт бунёд шудааст, ки имрӯз чанде аз онҳо ба истифода дода шуд. Дар ин замина намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур баъди таъмиру таҷдид бинои маркази савдою хизматрасонии маишии «Садбарг» аз шароити кору хизматрасонии он боздид намуданд. Баъди таъмиру навсозӣ имкон фароҳам гардид, ки масъулин ва соҳибкорони инфиродии маркази савдои "Садбарг" ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатиро дар бинои зебои корӣ, ки дорои шароитҳои зарурии фаъолият мебошад, истиқбол намоянд. Маъмурияти маркази савдои "Садбарг" дар асоси талаботи лоиҳа, ҳангоми азнавсозии дукону нуқтаҳои савдо, ҷиҳати равшанигардонии дохилӣ, масолеҳи сохтмонии дорои ранги сафедро истифода намуданд. Дар баробари тахтасангҳои сафедранг шишабандии нуқтаҳои савдо бо тарҳу дизайни муосир имкон фароҳам меорад, ки бо каме равшании чароғҳо муҳиту фазои корӣ пурра равшан гардад. Насби камераҳои мушоҳидавӣ, таҷҳизоти огоҳкунанда аз сӯхтор, низоми радиоӣ ва тозанигоҳдории ҳавои дохил бар иловаи кондисионеру қутти оббарор дар ҳолати сӯхтор бехтарии фаъолияти соҳибкоронро дар ин маркази тиҷоратӣ пурра таъмин менамояд. Маркази савдои "Садбарг" дар ҳоли ҳозир бо беш аз 15 навъи хизматрасонӣ зиёда аз 700 нафар соҳибкорони инфиродиро бо ҷойи кори доимӣ ба кор ҷалб кардааст. Ҷойи таъкид аст, ки ин бино солҳои 60-уми қарни гузашта бунёд гардида, ҳамчун хонаи маишӣ ба истифода дода шуда буд. Маркази савдои «Садбарг» дар асоси собиқ хонаи маишии «Садбарг» аз соли 1998 таъсис ёфтааст.
Дар ин рӯз ҳамзамон бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгирнамоии маркази савдоию хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал ба истифода супорида шуд. Иншооти мазкур дар кӯчаи Мирзо Мастонгулови ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар доираи нишондоди лоиҳа анҷом ёфта, бо қоматафрохтани ин бинои зебову замонавӣ зебоии ин гӯшаи шаҳри Душанбе дучанд шудааст. Иншооти мазкур бо мақсади таъмини сокинони шаҳр бо манзили истиқоматӣ ва саҳмгузорӣ дар татабиқи барномаҳои ободонии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳамзамон дар суроғаи кӯчаи Нарзиқулов 11-и ноҳияи Шоҳмансур низ бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шудааст, ки он имрӯз бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ва соҳибкорон ба истифода супорида шуд, ки он аз 19 ошёна ва ду қисм иборат мбеошад. Корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ босифати баланд ва мувофиқ ба нишондоди лоиҳаи он иҷро намудаанд. Бинои мазкур бо пайгирии ташаббусҳои бунёдкоронаву созандагӣ дар пойтахти мамлакат аз ҷониби ҶДММ «ДСК Тоҷикистон» сохта шудааст. Қомат афрохтани чунин иншооти зебо дар маркази шаҳр барои боз ҳам назаррабову бошукӯҳ шудани пойтахт мусоидати фаъол менамоянд. Ҳамин аст, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ дар иншооти таъиноти гуногун бо авҷу суръати тоза идома дорад.

 

 

Илова кунед