Тоҷикӣ

ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

09 Августи 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 09.08.2021. Имрӯз дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” доир гардид.
Дар оғози озмуни мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода суханронӣ карда, иштирокчиён ва меҳмонону ҳозиринро аз номи раҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ самимона хайрамақдам намуда, ба онҳо бурдборию муваффақият таманно намуданд.
Қайд бояд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар озмун композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳия, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод менамоянд.
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” тӯли чаҳор рӯз идома хоҳад кард.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» мегарданд.
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед