МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТУ НАМОЯНДАГОНИ СОХТОРҲОИ ЧОР НОҲИЯИ ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 09.08.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ноҳияи И.Сомонии пойтахт таҳти садорати муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Умед Гуреззода бо кормандону масъулин ва мутасаддиёну фурӯшандаҳои бозорҳо, марказҳои савдо, намояндагону кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи дастгоҳҳои раисони ноҳияҳои пойтахт ҷаласаи васеъ доир гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оид ба пешгирӣ аз фарҳанги бегона, анҷом додани ваксинатсия ва фаро гирифтани кулли сокинони пойтахт бо ваксина, пешгирии хурӯҷи навбатии бемории сироятии коронавирус, истифодаи маводҳои антисептикӣ, риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ, истифодаи доимии ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, ташкил гурӯҳҳои корӣ, эҳтиром намудани сару либоси миллӣ аз қабили адрасу атласу чакан, риояи намудани фарҳанги шаҳрнишинӣ, боло бардоштани ҳувияти миллӣ, фарҳангу одоб ва маънавиёти наврасону ҷавонон, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои миллӣ ва таърихии дар пеш истода, махсусан ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, сардори Раёсати амнияти шаҳри Душанбе Амирқул Бобоев вобаста ба масоили мухталиф ва муҳими рӯз, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, маърифату фарҳанги халқи тоҷик, урфу одат ва расму оинҳои миллӣ, мубориза алайҳи фарҳанги бегона ва омодагӣ ба маъракаҳои сиёсию ҷашнҳои таърихӣ ибрози назар намуданд.