Тоҷикӣ

ФАЪОЛОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

17 Августи 2021, Сешанбе

 
ш.Душанбе.17.08.2021. Имрӯз бо ташаббуси раҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар толори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарияту намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони соҳа ва кормандони бахши тандурустии пойтахт ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосса, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтаанд. Дар ин баробар марказҳои тандурустии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иловатан дорои воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ гардидаанд. Ҳамзамон бо дастгоҳҳои нодири ташхисию табобатӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, ки ба муносибати Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор карда шуд, ба як қатор табибони фаъол, ки дар рушди соҳа ва пешбурди бахши тандурустӣ дар шаҳр саҳми назаррас доранд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед