ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙИ РАҚАМИ 4 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

20 Августи 2021, Ҷумъа

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъд аз бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароитҳои фароҳамгардида дар муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки таълимгоҳи замонавӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи лоиҳа «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 нафар хонанда дар ду баст, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат аст.
Муассисаи нави таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқӣ ва хореаграфӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар литсей ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуд аст ва барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёниятҳои дарсӣ насб гардидааст.
Бо дарназардошти омӯзиши вазъи равонӣ ва ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон дар муассиса ҳуҷраҳои алоҳидаи равоншиносӣ ва тиббӣ сохта шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар муассисаи таълимии нав ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хоса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст. Дар синфхонаҳои мазкур хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Инчунин дар муассисаи навбунёд маҳфили шоҳмотбозӣ амал мекунад, ки аз машғулиятҳои дӯстдоштаи зеҳнӣ барои хонандагон аст.
Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст. Ҷиҳати аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо дастгоҳҳои корӣ таъмин мебошанд. Дар умум, дар литсейи мазкур муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд буда, раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.
Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ маҷлисгоҳи боҳашаммат бо 340 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толори барҳавои варзишии литсей барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, ошхонаи замонавӣ дорои 200 ҷой мебошад.
Дар китобхонаи муассиса 5 ҳазор нусха адабиёти таълимию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон имкон доранд, аз ин ганҷинаи бебаҳо босамар истифода намуда, дониши худро сайқал диҳанд. Барои таъмини шароити созгори мутолиаи китоб толори барҳавои хониш бо 100 ҷой ва китобхонаи электронӣ бо 15 компютери ба интернет пайваст мавҷуд аст.
Қобили таъкид аст, ки дар муассисаи нави таълимӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳамкории зич бо оила низ ба роҳ монда шудааст.
Аснои шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" равияи таълим бештар ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин усули муосири илмомӯзӣ барои сайқал додани тафаккури техникии хонандагон мусоидат мекунад.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он хонандагон ҳар гуна машғулиятҳои варзишӣ мугузаронанд. Ба иттилои масъулон дар «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои таълиму тарбияи хонандагон 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим дар партави сиёсати инсонпарварона ва илмдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахти мамлакат аз соли 2017 то 2020 сохтмону навсозии 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 15 ҳазору 466 нафар хонанда дар як баст ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар соли 2021 бошад, ба истиқболи созовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 5 муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6 ҳазору 380 хонанда дар як баст дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд. Тибқи нақша корҳои сохтмонию бунёдӣ дар 15 муассисаи дигари таълимӣ, ки барои 14 ҳазору 414 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудаанд, бо дарназардошти талаботи замон идома доранд. Бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе бесобиқа буда, мақсад аз сохтани чунин таълимгоҳҳои муосир фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.
Ҳадаф аз бунёд ва дар арафаи соли нави таҳсил ба истифода супоридани боз як муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмдӯстӣ мебошад. Саҳн ва атрофии иншоот сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ зиннат ёфтааст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед